Бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, доктори илмҳои филологӣ Тоҷибой Султонӣ, раиси Шурои уламои дини вилоят, номзади илмҳои суханшиносӣ Ҳусайн Мӯсозода ва собиқадори соҳаи матбуот Мавлуда Шарифова вохӯрӣ бо устодону шогирдони ин боргоҳи маърифат доир гардид.
Чорабиниро директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Рабизода оғоз бахшида, таъкид дошт, ки мавзуи меҳварии чорабинии имрӯза аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, яъне, ҷомеаи ҷаҳониро дар баробари таҳдиди хатарҳои экологӣ, буҳрони иқтисодиву маънавӣ, ҳамчунин, реша давондани ҷараёнҳои экстремистиву террористӣ ҷиддан ба ташвиш овардааст. Таҳлилҳо собит намуданд, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ бештар ҷавонон майл доранд. Зеро баъзе аз онҳо дониши казоии илмҳои муосир ва диниро надоранд ва гумроҳона ба чунин равияҳо шомил мешаванд.
Яке аз роҳҳои ҷалб намудани ҷавонон ба гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ истифодаи шабакаҳои интернетӣ мебошад. Мутаассифона, теъдоди муайяни ҷавонону наврасон ноогоҳона ба навору нигоштаҳои муғризонаи хоинони миллат лайк мегузоранд, ки барои ҳаёти минбаъдаи онҳо хатар эҷод мекунад.
Ҳусайн Мӯсозода зикр кард, ки мо, фаъолони ҷомеа, бояд барои ҷавонон шароит муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва дар оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд.
Мавлуда Шарифова низ зикр намуд, ки танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити дигаргуншавии авзои сиёсии ҷаҳон ва бештар шудани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои азими Истиқлоли давлатии кишварамон талош варзанд.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”, вилояти Суғд,
Абдусабури АБДУВАҲҲОБ
