МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ЗАРУР АСТ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид карданд, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид мекунанд.
Намояндагони ин гурӯҳҳои даҳшатафкан дар навбати аввал насли наврасу ҷавонро ба доми худ мекашанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд ва сатҳи дониши дунявӣ ва диниашон паст аст.
Баҳри зиндагии шоиста, ахлоқи солим, тарбияи дурусти наврасон дар муассисаҳои таълимӣ, дуруст омӯхтани расму оини ниёгон ва мероси гузаштагон зарур мебошад.
Воқеаҳои дар давлатҳои Амрико, Аврупо, Қирғизистон, Россия бавуқӯъпайваста нишон доданд, ки таъсиррасонии иттилоотӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба шууру маънавияти наврасону ҷавонон торафт шиддат меёбад. Технологияҳои таъсиррасони иттилоотӣ рӯз то рӯз мукаммалтар гашта, таъсиргузориаш беш аз пеш меафзояд.
Дар мубориза ба муқобили ифротгароён ва дигар равандҳои номатлуби ҷаҳони муосир муассисаҳои таълимӣ нақши калидӣ мебозанд. Дар ин масъала омӯзгорон бояд маърифат ва фарҳанги сиёсию ҳуқуқии наврасону хонандагонро ба сатҳи баланд бардоранд, байни хонандагони синфҳои болоӣ чорабиниҳои иттилоотӣ-тавзеҳӣ гузаронида, хатари таҳдиди ифротгароӣ ва терроризмро шарҳ диҳанд. Хонандагонро дар мактаб бояд пайваста ба сӯйи донишандӯзӣ ва хирадмандӣ роҳнамоӣ кард.
Дар ин раванд аслиҳаи муҳимтарини муборизаҳо воситаҳои иттилоотӣ шинохта шудааст. Мо, ҷавонон, шукрона аз он дорем, ки дар фазои сулҳу оромӣ кор ва фаъолият карда истодаем. Ба гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстию ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд, манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд. Ин гуфтаҳо моро водор месозанд, ки тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ боз ҳам такмил бахшем, то ки шогирдони мо хатари терроризмро ба хубӣ дарк намоянд.
Мутаассифона, дар ҷаҳони имрӯза ҷавонони гумроҳе ҳастанд, ки ба халқу ватани хеш хиёнат намуда, ба сафи ифротгароён шомил мешаванд. Албатта, ин амали нангин аст. Ҷавонон бояд дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти Ватан тарбия ёбанд. Барои шукуфоии миллату Ватани азизамон мо аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатпазирем. Бояд пайравони ҳақиқии Пешвои миллат бошем ва пеши роҳи ҳама гуна ифротгароиро гирифта тавонем.
Барои мо, омӯзгорони ҷавон, зарур аст, ки дар раванди дарсҳо аз матбуоти даврӣ ба таври фарогир ва самаровар истифода намоем.
Носир АМАДБЕКОВ,
директори МТМУ №12,
ноҳияи Шуғнон