Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов

барои қабули довталабон дар соли таҳсили 2023-2024 эълон менамояд: ба коллеҷ ҷавонони боистеъдод ва дорои маҳорати баланд қабул карда мешаванд. Муҳлати таҳсил 4 сол
Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки довталабон бо комиссияи қабул пешниҳод менамоянд:
1. Ариза ба номи директор.
2. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ синфи 9 (Аттестат) намунаи асл.
3. Хислатнома аз МТМУ.
4. Маълумотномаи тиббӣ (шакли №038).
5. 6 адад расм (андозаи 3х4).
6. Шиноснома (Шаҳодатномаи таваллуд) 2 нусха.
7. Маълумотнома аз ҷои истиқомат.
8. Шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (Приписной лист).
9. Албом (тасвири корҳои амалӣ бо қалам ва ранг).
10. 1 дона конверти андозаи 15х20.
Қабули ҳуҷҷатҳо аз 01.03.2023 то 10.08.2023 сол идома меёбад.
Нишонии мо: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, н.Фирдавсӣ, кӯч. Н. Қарабоев 54. Тел: Қисми таълим: +992 77 888 66 36, +992 933 35 93 09, +992 905 05 76 58, +992 111 71 71 80.
Имтиҳонҳои дохилшавӣ
Қаламкашӣ, Рангакашӣ.
Бадеият дар тасвир: аз рӯи мавзуи интихобгардида.
Бадеият дар тасвир: аз рӯи мавзуи озод.
Диктант: бо забони русӣ.
Диктант: бо забони тоҷикӣ аз ҳарду яке.