“ШОҲНОМАХОНӢ”

Дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” баргузор гардид, ки дар он хонандагони синфҳои 5-8 ва 9-11 ширкат варзиданд. Озмуни “Шоҳномахонӣ” аз рӯйи 4 номинатсия — қироати равону таъсирбахши порчаҳо аз рӯйи қисматҳои “Шоҳнома”, дарки маънии порчаҳои азёднамуда ва шарҳу тавзеҳи байтҳои алоҳидаи он, тасвири расми беҳтарин аз рӯйи корномаҳои қаҳрамонҳои “Шоҳнома”, намоиши саҳнача аз рӯйи қисматҳои достонҳои “Шоҳнома” баргузор гардид.
Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” – ро олимон аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров назорат ва баҳогузорӣ намуданд.
Дар поёни даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” маросими бошукӯҳи ҷамъбасти он баргузор шуд.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”, вилояти Суғд