Тоҷикон аз қадим миллати соҳибтамаддун ва фарҳангпарвару хушахлоқанд. Тавре ки аз сарчашмаҳои таърихӣ огаҳӣ дорем, миллати тоҷик дар ҳеҷ як давру замон ба сӯи касе теғ накашидааст ва ба ҳеҷ як миллате ҳамла наовардааст. Агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати худ огоҳии нисбатан пурра медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мегирифтем, шояд тӯфони офатбори ҷанги шаҳрвандӣ, ки мо ба он дучор омадем, чунин ранги фоҷиавӣ намегирифт.
Охир, як сарчашмаи худшиносии миллӣ маҳз ошноӣ бо мероси таърихӣ аст. То хотираи қавии таърихиро, ки дар осори фарҳангиву илмии бостон маҳфуз аст, ҷомеа аз худ накунад, аз хираду заковати гузаштагон баҳраманд нашавад, дар тамоми риштаҳои зиндагӣ ба дастовардҳои дилхоҳ ноил шуда наметавонад. Омӯхтани таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки ин барои шукуфоии фардои ҳар як миллату давлат зарур аст. Яъне, миллат бояд аз гузаштаи худ, хоҳ дурахшон бошад, хоҳ тира, бояд сабақ бигирад ва дурнамои ояндаашро муайян намояд.
Аз 7 июли соли 2022 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди эълони озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ба тасвиб расид. Озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 доир мегардад.
Тибқи низомномаи озмун он дар байни аҳолии кишвар, аз ҷумла, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу ҳунар, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар, ба истиснои омӯзгорони таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва олимону муҳаққиқони соҳаи таърих, баргузор мешавад.
Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор барои омодагии комил ба озмун нақшаи чорабиниҳоро дар заминаи он бо довталабон таҳия намуда, пайваста машғулиятҳо баргузор менамояд.
Умедҷон МАҲМУДЗОДА,
мудири кафедраи таърихи
коллеҷи омӯзгории
шаҳри Ҳисор