ТУҲФАҲОИ ИДОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ТАЪЛИМГИРАНДАГОНИ ТАЪЛИМГОҲҲО

Дар доираи таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба шахсони эҳтиёҷманд, кӯдакони ятиму бепарастор ва дорои имконоти маҳдуд Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ба мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Темурмалик ташриф оварда, ба тарбиятгирандагони ин муассисаи иҷтимоӣ кумакҳои Пешвои миллатро дастрас намуд.
Гуфта шуд, ки Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарасторро дар ҷойи аввал гузошта, баҳри беҳтар намудани шароити буду боши онҳо пайваста ғамхорӣ менамоянд. Инчунин, баъди хатми мактаб-интернатҳо ба ин қишри ҷомеа барои дохил шудан ба муассисаҳои касбӣ ва олии мамлакат имтиёзҳо дода мешавад.
Ба 100 тарбиятгирандаи муассисаи мазкур туҳфаҳои Сарвари давлат, ки аз шиму костюм ва либосҳои варзишӣ иборат буд, тақдим гардид. Инчунин, барои тарбиятгирандагон дастархони идона ороста шуд.
Аъзои ҳайати ҳукуматӣ дар рӯзи тақдими туҳфаҳо ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат, ҳамзамон, бо шароити хобгоҳ, китобхона ва дигар иншооти муассиса шинос шуданд.
Дар идомаи ин тадбири башардӯстона, ҳамчунин, кумакҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони Интернати давлатии наздимактабии Кангурт низ расонида шуд. Дар интернати мазкур 120 наврас ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои онҳо тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.

Барои 231 нафар тарбиятгирандаи Мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконоташон маҳдуди ба номи Сироҷиддин Тоҷибоеви шаҳри Хуҷанд низ дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз маҷмуи сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ иборат буд, тақдим гардид.
Зимни тақдими туҳфаҳо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таълиму тарбияи ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасони дорои имконоти маҳдуд доимӣ буда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди нигоҳубин, таҳсил ва табобату тавонбахшӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Омӯзгорону парасторон ва волидайни тарбиятгирандагони мактаб-интернати мазкур барои ғамхорию дастгириҳои ҳамешагии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки имрӯз ҷиҳати таълиму тарбияи кӯдакону наврасон шароити мусоид фароҳам буда, биноҳои маъмурию таълимӣ, хобгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон таъмиру навсозӣ карда шудааст. Маводи ғизоӣ, сару либос ва лавозимоти зарурии таълим саривақт аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва сарпарастон дастрас карда мешавад.

Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таълимгирандагони мактаб-интернати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён расонид.
Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ нахуст ба муассисаи таълимии мактаб -интернати ноҳия, воқеъ дар шаҳраки Меҳрон ташриф оварда, бо шароити буду бош ва таълиму тарбия дар он шинос шуданд.
Муовини Сарвазири мамлакат ба таълимгирандагони мактаб-интернати ноҳия гуфт, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон таҳти сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва таълиму тарбияи насли наврас тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Дар баробари ин ғамхорӣ ба насли наврас, бахусус, ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар арафаи ҳар иду ҷашн аз ҷониби Пешвои миллат онҳо ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд».
Ҳамчунин, мавсуф таъкид кард, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таълиму тарбия тамоми шароитро муҳайё кардааст. Дар ин замина вазифаи шумо танҳо бо баҳои хубу аъло хондан мебошад.
Тарбиятгирандагони ин муассиса аз чунин дастгириву ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушҳол шуда, изҳори миннатдорӣ намуданд.
Туҳфаҳои навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 44 тарбиятгирандаи интернати наздимактабии №24-и деҳаи дурдасти Сипонҷи Ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшон, иборат аз либоси ягонаи мактабӣ ва варзишӣ тақдим карда шуд.
Намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳоро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як тарбиятгиранда тақдим намуданд. Дар ин рӯз дастархони идона ва барномаи рангини фарҳангӣ низ манзури хонандагон гардид.
Дастгирию расонидани кумак ба ниёзмандон, сила намудани сари ятимон, шод намудани дили ранҷурон ва дастгириву нигоҳубини маъюбону шахсони ниёзманд аз хислатҳои ҳамидаи мардуми тоҷик маҳсуб шуда, аз фарҳангу тамаддуни ғании миллат сарчашма мегирад.
Зимни тақдими туҳфаҳо таъкид карда шуд, ки дар сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати мамлакат дастирии ниёзмандон ва парастории маъюбону оилаҳои ниёзманд мавқеи муҳим дошта, ҳамасола садҳо ҳазор тарбиятгирандаи мактаб-интернатҳо аз кумакҳои Сарвари давлат бархурдор мегарданд.
Ба 119 тарбиятгирандаи мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон кумаку туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрас карда шуд.
Туҳфаҳои Сарвари давлат аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ба тарбиятгирандагони ин муассиса расонида шуд.
Таъкид гардид, ки имрӯз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳдошти рӯзгору таълими онҳоро дар мадди аввали сиёсати худ қарор дода, барои дар оянда идома додани таҳсил дар муассисаҳои олии таълимӣ имконоти дастрас фароҳам сохтааст.
Дар доираи сиёсати ғамхоронаю инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан 106 наврас ба тарбияву таълим фаро гирифта шудааст. Ба тарбиятгирандагони ин мактаб-интернат низ кумак ва туҳфаҳои навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида шуд, ки онҳоро ниҳоят хурсанд гардонид.
Дар баробари дастрас гардидани кумак ва туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан, дар Маркази фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Истаравшан барои онҳо дастархони идона ороста шуд.
Туҳфа ва кумакҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз либос, пойафзор ва маҷмуи ашёи хонишро муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ба ҳар наврас тақдим намуда, аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ятимону бепарасторон ёдовар шуданд. Тарбиятгирандагони мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан бо хушнудӣ изҳор доштанд, ки дар симои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхору парастори хешро мебинанд, ки барои буду бош, таълиму тарбия ва таъминоти моддии онҳо тамоми шароиту имконоти заруриро фароҳам овардаанд.
Ба 55 нафар тарбиятгирандаи интернати наздимактабии №26-и ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрас карда шуд.
Тибқи дастури Пешвои миллат барои тарбиятгирандагони муассиса хони идона ташкил гардида, аҳли ҳунари ноҳияи Роштқалъа баҳри фароғати тарбиятгирандагони интернат барномаи фарҳангӣ манзур намуданд.
Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз либоси мактабӣ, пойафзор ва либоси варзишӣ иборат буда, ба тарбиятгирандагони интернати наздимактабӣ тақдим карда шуд. Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар тарбиятгиранда туҳфаи Пешвои миллатро супорида, ба онҳо ҳидоятҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакатро бобати соҳибкасб гардидан, таҳсили хуби илм, баҳрабардорӣ аз технологияи замонавӣ, омӯзиши забони давлатӣ ва дӯст доштани Ватан, аҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ таъкид намуд.
Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарбиятгирандагони интернат суҳбати самимӣ доир намуда, таъкид намуданд, ки ҳар яки онҳо таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Наздик ба 500 тарбиятгирандаи мактаб — интернати ноҳияи Қубодиён туҳфаҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гирифтанд. Туҳфаҳо аз либоси мактабӣ, лавозимоти варзишӣ ва ғизо иборат буд.
Туҳфаҳоро ба тарбиятгирандагон намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии тақдим намуданд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз барои кӯдакон дастархони идона ороста, барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш гардид.
Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта ба истифода дода шуд. Имрӯз дар он беш аз 490 кӯдак тарбия меёбад, ки 6 нафараш ятими кулл, 25 нафар нимятим, боқимонда — фарзандони оилаҳои камбизоат мебошанд.
Ба тарбиятгирандагони хонаи бачагонаи рақами яки шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид. Дастпарварони ин муассиса аз ғамхории навбатии Сарвари давлат, ки ба кӯдакони ятиму бепарастор ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, хушҳол шуданд.
Ба тарбиятгирандагони ин муассиса туҳфаҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз сару либос иборат буд, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён тақдим намуд. Тарбиятгирандагони хонаи бачагонаи рақами яки шаҳраки Шӯроб барои таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимӣ баён намуданд.
Хонаи бачагонаи рақами 1-и шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара 25 сол инҷониб фаъолият дорад. Дар ин муассиса 24 ятими кулл, бепарастор ва нимятим тарбия мегирад. Барои духтарон ва писарон хобгоҳи алоҳида амал мекунад. Дар ин муассиса ҷиҳати тарбияи кӯдакону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар Мактаб-интернати махсуси бачагони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара 80 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Зимни тақдими туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таваҷҷуҳ ва меҳрубонии роҳбарияти олии давлату Ҳукумат нисбат ба кӯдакону наврасон, бахусус, кӯдакони дорои имконоти маҳдуд сухан гуфта шуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва роҳбарияти Вазорати маориф ва илм туҳфаҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба 80 нафар тарбиятгирандаи мактаб-интернати махсуси бачагони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара тақдим намуданд. Ҳамчунин, дар ин рӯз барои бошандагони ин муассисаи таълимӣ дастархони идона ороста шуд.
Дар доираи иқдомҳои башардӯстонаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаку туҳфаҳои навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони 8 интернати наздимактабии ноҳияи Мурғоб расонида шуд.
Туҳфаҳои Сарвари давлатро ба тарбиятгирандагони интернатҳо намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориданд. Туҳфаҳое, ки ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳияи Мурғоб тақдим гардид, аз либосҳои мактабию варзишӣ ва пойафзор иборат буд. Инчунин, барои тарбиятгирандагон хони идона ороста шуд.
Намояндагони гурӯҳи корӣ зимни суҳбат бо мураббиён таъкид намуданд, ки ба тарбиятгирандагон чун фарзандони худ муносибат карда, онҳоро аз синни хурдӣ ба забондонию илмомӯзӣ роҳнамоӣ созанд, то ҳисси баланди миллӣ ва ифтихори бузурги ватандорӣ дошта бошанд.
Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, воқеъ дар шаҳри Бӯстон тақдим карда шуд. Туҳфаҳои идонаро ба тарбиятгирандагони ин муассисаи иҷтимоӣ муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён тақдим намуд.
Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз либоси мактабӣ, либоси варзишӣ ва пойафзор ба 79 нафар тарбиятгирандаи мактаб-интернат дар шаҳри Бӯстон супорида шуд. Ҳамчунин, дар ин рӯз барои тарбиятгирандагони муассисаи мазкур дастархони идона ороста шуд.
16-уми апрел туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таълимгирандагони интернатҳои наздимактабии рақамҳои 1 ва 2-и ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расонида шуд.
Гуфта шуд, ки тарбиятгирандагони интернатҳои наздимактабии рақамҳои 1 ва 2-и ноҳияи Дарвоз зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Дар расми тақдими туҳфаҳо ба тарбиятгирандагони ин муассисаҳои иҷтимоӣ таъкид карда шуд, ки ғамхорӣ зоҳир намудан дар ҳаққи табақаи эҳтиёҷманди мамлакат, аз ҷумлаи тадбирҳои башардӯстона ва беҳтарин амал дар муносибати байни инсонҳо ба ҳисоб меравад.
Тазаккур дода шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ барои таълиму тарбияи насли наврас ва нигоҳубини кӯдакони ятиму бепарастор ва дорои имконоти маҳдуд тамоми шароитро фароҳам овардааст, ки то ин насли кӯдакону наврасон бо таълиму тарбияи баланд ба камол расида, барои Ватан ва миллат хидматҳои шоистае карда бошанд.
Тарбиятгирандагон аз ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло хонда, дар оянда баҳри ободии Ватан саҳм мегузоранд.
Барои тарбиятгирандагони интернати мазкур дастархони идона густарда шуд.