НОМАИ ИТТИЛООТӢ

Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” 22 июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ-назарии ҷумҳуриявиро дар мавзуи “Масоили бунёди таҳсилоти миллӣ” баргузор мекунад.
Ҳадафҳои конференсия:
•Таҳқиқи ҷанбаҳои муҳимми таҳсилоти миллӣ;
•Дурнамои рушди таҳсилоти миллӣ.
Самтҳои асосии фаъолияти конференсия:
1.Сохтори намунавии низоми таҳсилоти миллӣ;
2.Таълим дар равияҳо ва мушкилоти он;
3.Проблемаҳои баробарарзишии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи зинаҳои гуногуни таҳсилот (аттестат, дипломи хатми донишгоҳ, дипломи номзадӣ ва ғ.);
4. Ҷараёни Болонӣ ва таҳсилоти муосир дар Тоҷикистон;
5. Масъалаҳои ҳамгироӣ дар фазои ИДМ;
6. Масоил ва мушкилоти гузариш ба таҳсилоти 12-сола.
Забонҳои кории конференсия:тоҷикӣ ва русӣ.
Тарзи иштирок дар конференсия: ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ.
Дар конференсия олимон, кормандони илмӣ, методистон, муаллифони китобҳои дарсӣ ва таҳиягарони роҳнамоҳои омӯзгор, мутахассисон, кормандони соҳаи маориф ва илм, коршиносон, роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, аспирантон, магистрҳо, донишҷӯён, рӯзноманигорон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ Маърузаҳо дар шакли маҷмуаи мақолаҳо ба табъ мерасад. Маводу матолиби конференсия дар сомонаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон низ ҷой дода мешавад.
Нашри маводи конференсия РОЙГОН аст.
Шартҳои иштирок дар конференсия
Хароҷоти сафар ва будубоши иштирокчиён аз минтақаҳои Тоҷикистон ба уҳдаи худи иштирокчии конференсия аст.
Барои иштирок дар кори конференсия то 29 майи соли 2023 ба Кумитаи тадорукот маводи зерин бояд пешниҳод шавад:
•Дархост (Замимаи 1);
•Мақола дар ҳаҷми 5-7 саҳифа дар шакли электронӣ, ки мазмуни он ба масъалаҳои баррасишавандаи конференсия мувофиқат кунад (Замимаи 2).
Мақолаҳо барои иштирок дар конференсия ба Кумитаи тадорукот бояд ба нишонии электронии kamolzoda70@
Тасдиқи гирифтани мавод, интихоби он ва даъватномаи расмӣ ба нишонии электроние, ки мавод тавассути он ба кумитаи тадорукот ирсол гардидааст, фиристода мешавад.
Ба муаллифони мақолаҳо ва иштирокчиён маҷмуаи мақолаҳои конференсия ҳангоми баргузории он супорида мешавад.
Мақолаҳое, ки пас аз муҳлати муқарраргардида ё бе риояи талаботи пешниҳодшуда фиристода шудаанд, баррасӣ намешаванд. Аз муаллифон эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки мақолаҳоро пас аз таҳрири ҷиддӣ ба мо ирсол намоянд.
Ҳамоҳангсози конференсия:
Камолзода Сайфиддин –мудири шуъбаи инноватсия ва технологияи таълими Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ.
е-mail: kamolzoda70@mail.ru
Тел.: (992-37) 225 84 18;
(992) 918 23 28 22; (992) 905 06 06 35.
ДАРХОСТ БАРОИ ИШТИРОК ҚОИДАҲОИ ПЕШНИҲОДИ МАҚОЛА
Формати мақола – А 4, андозаи ҳуруф 14 Times New Roman (андозаи ҳуруфи фишурдаҳо (аннотатсияҳо) ва вожаҳои калидӣ – 12), фосилаи байни сатрҳо – 1, ҳошияҳо аз ҳама тарафҳо – 2 см, бо риояи баробарии сатрҳо, фосилаи сархат (абзатс) – 1 cм.
Аз тарафи рост – насаб ва ҳарфҳои аввали ном ва номи падари муаллиф(он), номи муассиса (ташкилот). Пас аз фосилаи яккарата – унвони мақола аз мобайн бо ҳарфҳои калон ва матни мақола бо риояи баробарии сатрҳо навишта мешавад. Номгӯйи адабиёти истифодашуда дар охири мақола аз рӯйи тартиби алифбо оварда шуда, аз матни асосӣ бо як сатри холӣ ҷудо мешавад. Овардани манбаи иқтибос дар поварақ мумкин нест. Дар охири мақола бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ фишурда, калидвожаҳо ва маълумот оид ба муаллиф(он) оварда мешаванд. Дар ҳолати ба мавзуъҳои конференсия мутобиқат надоштани матн ва риоя нашудани талаботи мазкур кумитаи тадорукот ҳақ дорад, мақоларо барои нашр тавсия надиҳад.
Насаб, ном ва номи падар (пурра)
Номи муассиса ё ташкилот ва вазифа (пурра)
Тарзи иштирок (мустақим ё фосилавӣ)
Дараҷаи илмӣ, унвон
e-mail
Телефон (мобилӣ)
Мавзуи суханронӣ