ЗАМИНАҲОИ ИНКИШОФИ ИЛМ ВА ИСТЕҲСОЛОТ

Ҳамасола дар ҷумҳурӣ ҳафтаи сеюми моҳи апрел Рӯзи илми тоҷик таҷлил мегардад. Дар коллеҷи кӯҳии ба номи Сороҷон Юсуповаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба ин санаи муҳим конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ таҳти унвони «Заминаҳои ташаккулёбии ҳамгироии илм ва истеҳсолот дар шароити рушди фановариҳои техникӣ» баргузор гардид.
Директори коллеҷ Алишер Сӯфиев дар оғоз иттилоъ дод, ки илм он гоҳ равнақи тоза пайдо менамояд, ки бо истеҳсолот пайвастагии ногусастанӣ дошта бошад. Ҳайати устодони коллеҷ низ дар ин масъала бетараф набуда, ҳамеша машғулиятҳои хешро бо дарназардошти ҳамин масъала роҳандозӣ мекунанд. Дар робита ба ин, баргузории чунин ҳамоишҳо таҷрибаҳои баамаломадаро ҳаллу фасл намуда, роҳи такмил додани донишҳои назарӣ маҳсуб меёбад, ки дар амал татбиқ намудани онҳо ногузир аст.
Доктори илми филология, профессор Саидмурод Хоҷазод дар мавзуи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ» маърӯза карда, афзуд, ки забон ҳамчун воситаи мубодилаи афкор дар пешбарии ҳамаи соҳаҳои ҷомеа нақши бузург дорад. А. Одинаев, сардори раёсати соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзуи «Масъалаҳои рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар соҳаи саноат», С. Мирзоев, корманди Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзуи «Заминагузории пайвасти илм бо истеҳсолот дар шароити амалишавии ҳадафҳои стратегӣ», А. Ҳаётзода, муовини директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода, оид ба мавзуи «Омӯзиш ва рӯ овардан ба илмҳои дақиқ – омили муҳимтарини рушди зеҳнии насли наврас» ва як қатор олимони ҷавони муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ – М. Мираков, Н. Сафаралиев, Х. Ҳамидов, А. Ҷобиров, Ш. Назаров, Д. Давлатов, Р. Назарова, А. Раҷабалӣ, Х. Табаров оид ба мавзуи матраҳгардида андешаронӣ карданд.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»