ТАҲҚИҚОТИ ПЕДАГОГӢ АЗ ЧӢ ОҒОЗ МЕЁБАД?

Дар Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Таҳқиқоти педагогӣ аз чӣ оғоз меёбад?» баргузор гардид.
Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон М.Саломиён, директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ А.Наҷмиддиниён ҳозиринро бо Рӯзи илми тоҷик табрик намуданд.
Мудири шуъбаи педагогика ва психологияи ПРМ АТТ Л.Иматзода ва саркотиби илмии АТТ М.Каримзода дар мавзуъҳои «Тавсифи таҳқиқоти педагогӣ ва талаботи асосии гузаронидани он» ва «Барасмиятдарории таҳқиқоти диссертатсионӣ ва сохтори он» маърӯза карданд.
Дар охир байни иштирокдорони семинар саволу ҷавоб ва мулоҳизаронӣ сурат гирифт. Аз ҷумла, аз ҷониби доктори илмҳои педагогӣ Ф.Гулмадов, номзадҳои илм ҳои педа гогӣ П. Лутфуллоева ва И.Давлатшоев ва сармуҳаррири маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» С.Набизода пешниҳодҳои ҷолиб ироа гардиданд.
Салима МӮСОЕВА,
«Омӯзгор»