ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ГУЗОРИШГАРИ ВИЖАИ СОЗМОНИ МИЛЛАЛИ МУТТАҲИД

14 апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид хонум Назила Ғанӣ баргузор гардид.
Нахуст Ҷамшед Ҷӯразода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамзамон, муовини якуми вазири маориф ва илм иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои Созмони Миллали Муттаҳид дар соҳаи маориф ва илм саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Сипас, миёни ҳозирин мубодилаи афкор сурат гирифта, пешниҳодҳо ҷиҳати ҳамкориҳои судманди минбаъда ироа гардид.
Дар охир аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба меҳмонон туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон