ИҚДОМИ НАҶИБИ ДИРЕКТОР

Дар МТМУ №17-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иқдоми директори муассиса Акмал Мансуров ва дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ — ЮНИСЕФ дар ду ошёнаи бинои таълимӣ 78 тирезаи пластикӣ насб гардида, ошхонаи замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Тавре директори мактаб Акмал Мансуров зикр намуд, бино соли 1971 ба истифода дода шуда, аз ду ошёна ва 50 синфхона иборат мебошад. Ин ҷо ба таълиму тарбияи 1500 нафар толибилм 73 нафар омӯзгор машғул мебошанд. Айни замон дар мактаб 31 нафар муҳоҷирони афғон таҳсил менамоянд ва барои таълиму тарбияи онҳо ҳама шароит мавҷуд аст. Онҳо ба дарсҳои иловагии ройгон ҷалб гардида, бо лавозимоти хониш пурра таъмин мебошанд ва алифбои кириллиро меомӯзанд. Дар олимпиадаи ноҳиявӣ 15 нафар хонандаи мактаб иштирок намуда, пирӯзӣ ба даст оварданд. Ҳамчунин, дар озмуни “Луғатдони беҳтарин” 7 нафар хонанда иштирок намуда, се нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.
Толибилмон дар озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикон — оинаи таърихи миллат” фаъолона иштирок карда, ба даврҳои минбаъда роҳхат гирифтанд. Дар мактаб маҳфили “Духтарони футболбоз” амал менамояд, ки аъзои он дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бо сарварии мураббии варзида Фирӯза Шукурова сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.