ОМӮЗГОРӢ ИШҚ АСТ

Ризвон Маҳмадшоев 22 сол мешавад, ки дар мактаби №13-и деҳаи Сафедмуни ноҳияи Тоҷикобод омӯзгори синфҳои ибтидоист. Дар донишгоҳе нахондааст. Дар ҷараёни кор, ҳамзамон, омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Лахшро ғоибона соли 2006 бо ихтисоси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ хатм кардааст. Ҳашт фарзанд дорад, ки ҳамагӣ духтаранд. Панҷ духтараш мактабро бо баҳои хубу аъло ва ахлоқу интизоми намунавӣ хатм кардаанд. Сокина гирандаи стипендияи Президентӣ буд ва айни ҳол донишҷӯи соли чоруми коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт аст. Мавзунаву Фотимаву Зуҳро аз хонандагони пешқадами мактаб мебошанд ва дар озмунҳои гуногуни мактабию ноҳиявию минтақавӣ иштироки фаъол доранд.
Таърихи пешаи омӯзгориро интихоб кардани Ризвон Маҳмадшоев ғайримаъмулист. Солҳои 2000-ум, ки омӯзгор дар мактабҳои кӯҳистон шадидан намерасид, ӯ дар мактаб посбон буд ва Мустаон Ваҳҳобов, ки он солҳо директори мактаб буд, Р.Маҳмадшоевро ба пешаи омӯзгорӣ ҷалб мекунад. Ӯ ҳам дарс медиҳад ва ҳам дар омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Лахш ғоибона таҳсил мекунад. Ва инак, 22 сол аст, ки омӯзгор аст. Ба пешаи худ сахт дил бастааст ва яке аз омӯзгорони муваффақ, масъулиятшинос, масъулиятпазир ва мушфиқу меҳрубон аст. Дар дарсҳояш аз усули таълими муосир кор мегирад ва бо хонандагон аз рӯйи қобилият, дарки ҳар кадом муносибат мекунад. Дарсаш ҷанбаи қавии тарбиятӣ дорад. Даҳҳо шогирдро илм омӯзондаву тарбият кардааст. Дар ин муддат даҳҳо нафар аз шогирдони ӯ мактабҳои олии соҳаи омӯзгориро хатм кардаанд.
Бо пули омӯзгорӣ калон кардани 8 фарзанд, ки ҳамагӣ духтаранд, кори саҳлу сода нест. Вале ӯ аз уҳдаи рисолати падарӣ бо сари баланд мебарояд. Боғдор ҳам ҳаст ва ниҳолони боғашро низ чун шогирдонаш бисёр хуб тарбият ва нигоҳубин мекунад. Дар вақтҳои фориғ будан аз кор ба боғдорию кишоварзӣ машғул мешавад ва нонаш ҳалолтарин нону пешааш шарифтарини пешаҳост:
Набошад неъмате дар ҳар ду олам
Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Дар мактаби мо омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ кам нестанд ва ду-се нафарашон таҳсилоти олии омӯзгорӣ доранд, вале ҳар сол даҳҳо нафар падару модаре, ки фарзандонашон ба синфи як қабул мешаванд, хоҳиш мекунанд, ки фарзанди онҳо дар синфи Ризвон Маҳмадшоев таҳсил кунад.
Имрӯзҳо чун мақолаҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуот мехонам, ки гуё дар ин ё он мактабу маҳал омӯзгорон аз хонандагон пул талаб мекунанд, то зодрӯзашонро таҷлил кунанд, кафши нав бихаранд ва ё дигар ниёзҳои шахсии худро бо пули хонандагон бароварда созанд, пеш аз ҳама, симои Ризвон Маҳмадшоев пеши назари ман меояд, ки бо вуҷуди ҳазор мушкили зиндагӣ ҳеҷ гоҳ даст ба чунин коре назадааст. Воқеан, тамаъҷӯйӣ ва дасти ниёз дароз кардан ба сӯйи хонанда омӯзгорро дар назди хонанда, мардум ва ҷомеа беқадру манзилат, беобрӯ ва беэътибор ва ин пешаи шарифро беарзиш мекунад.
Умуман, дар мактабҳои мо чунин расме роиҷ нест. Шояд гоҳе падаре аз рӯйи қадршиносӣ барои омӯзгоре дафтаре, гарданбанде (галстук) ва ё ҳадияи дигаре оварда бошад, вале ҳеч гоҳ ҳеч омӯзгоре аз хонандае чизе талаб накардааст. Вале баръакси ҳолро мушоҳида кардаем, ки Ризвон Маҳмадшоев хонандагони камбизоатро аз ҳисоби худ бо дафтару қаламу дигар лавозимоти хониш таъмин мекунад. Ӯ шогирдон ва шогирдонаш ӯро бисёр дӯст медоранд. Борҳо шоҳид будаам, ки падароне, ки фарзандонашон дар синфи ӯ таҳсил мекунанд, ба наздаш меоянд. Чун фарзандашон ба ҳарфи онҳо гӯш намедиҳад, беҳудагардӣ мекунад ва дуруст дарс намехонад, аз устод хоҳиш мекунанд, ки барои ислоҳи ӯ ёрӣ кунад.
Ҳеч гоҳ надидаам, ки Ризвон Маҳмадшоев ба ғайр аз ҳолатҳое, ки сахт зарурат аст, бесабаб ба дарс ҳозир нашуда бошад. Бисёр масъ-улиятшинос аст. Рӯзе ба дарс наомад. Хабар ёфтам, ки бемор шудааст, барои аҳволпурсӣ занг задам. Гуфт, ки фишорам баланд шудааст. Гуфтам, истироҳат кун. Фардо саҳар омад ва дар чашмонаш осори бехобию дар чеҳрааш асари беморӣ ҳувайдо буд. Аҳвопурсӣ кардем, гуфт, виҷдонам нагузошт, ки ба кор наоям.
Касоне, ки барои амали нодуруст ва рафтори беҷои омӯзгоре ба қалби тамоми омӯзгорон яксара бо тири таҳқиру тавҳин мезананд ва борони дашному нафратро бар сари онҳо мерезанд, бояд дар назар дошта бошанд, ки чунин омӯзгорон, ки ҳастии худро дар роҳи таълиму тарбияти кӯдакону наврасон мебахшанд, нури чашмони худро аз даст медиҳанд, то роҳи онҳо равшан ва ояндаи Ватан дурахшон бошад, кам нестанд, ки Ризвон Маҳмадшоев яке аз онҳост.
Салом, эй муаллими бузургвор,
Ки раҳнамои зиндагонии манӣ.
Рафиқи давраи азизи кӯдакӣ,
Чароғи давраи ҷавонии манӣ.
Ту бо каломи гарму меҳрубони худ
Ба ман шуҷоату умед медиҳӣ.
Маро ҳаросе аз ғами сиёҳ нест,
Ту муждаҳои шодии сапед медиҳӣ.
Салом, эй ки дар утоқи танги дарс
Дили маро чу осмон кушудаӣ,
Ба партави савод дидаи маро
Ба розҳои ин ҷаҳон кушудаӣ.
Суҳроби ВАҲҲОБНИЁ,
директори МТМУ 13,
деҳаи Сафедмуни
ноҳияи Тоҷикобод