СИПОС БА ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ

Таваҷҷуҳи пайваста ба соҳаи маориф кафолати пешрафти он буда, маҳз дар натиҷаи рушду равнақи соҳа наврасону ҷавонони кишвар соҳибилму соҳибкасб ва соҳибмаърифат мегарданд. Ин нуктаи муҳим дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мегардад. Хушбахтона, аҳли маорифи кишвар бо роҳбарии вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода ҳидоятҳои ояндасози Сарвари давлатро дастури хеш қарор дода, ҷиҳати фаъолияти вусъатманди ин соҳаи афзалиятнок талошҳои босамар ба харҷ медиҳад. Раҳим Саидзода ҳамчун пайрави асили Пешвои муаззами миллат аз рӯзи нахустини ба кор пардохтан як идда навгониҳо роҳандозӣ кард, ки аз ҷониби аҳли маорифи диёрамон бо хушнудӣ истиқбол ёфтанд. Яке аз амалҳои хуби вазир сафар ба манотиқи гуногуни кишвар ва оростани суҳбату вохӯриҳо бо устодону омӯзгорон мебошад, ки натиҷаҳои нек ба бор оварда истодаанд. Пеш аз ҳама, ин иқдом аз он ҷиҳат хушоянд аст, ки роҳбари соҳа бо мушкилоти муассисаҳои таълимӣ аз наздик ошно гардида, баҳри рафъи онҳо чораҳои дахлнопазир меҷӯяд. Аксари масъалаҳо, ба қавле, “дар ҷояшон ҳал мешаванд” ва ин муаллимонро ба кори таълиму тарбия дилгарм месозад. Ин мулоқотҳо барои аҳли заҳмати таълимгоҳҳо, воқеан, дилпазиру мондагор сурат мегиранд…
Банда чанде пеш дар як навиштаам дар шабакаи «фейсбук» хоҳиш карда будам, ки вазир Раҳим Саидзода ба мактаби №26-и деҳаи Пакшифи Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ташриф оварда, аз вазъи ин муассисаи таълимӣ дидан намояд. Хушбахтона, 25-уми марти соли равон вазири маориф ва илм ба ин муассисаи таълимӣ омада, сараввал ҳамдардии худро ба сокинони деҳа бобати зарарҳои дидаашон аз заминларзаи шаби 23-юми март иброз намуд. Сипас бо устодону омӯзгорон суҳбати хотирмон ороста, бо шароити таълиму тарбия дар ин муассисаи таълимӣ шинос гардид. Вазир зимни вохӯрӣ барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва тайёр намудани кадрҳои болаёқат ба маъмурияти муассисаи таълимии мазкур ва масъулини бахши маорифи ноҳия дастуру супориш ва маслиҳатҳои муфиду судбахш дод…
Ман аминам, ки ин вохӯриву суҳбат бо шахсияти хоксору заминӣ, додраси омӯзгорону муаллимон, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода то дер дар хотири устодону омӯзгорони мактаби деҳаи Пакшиф нақш хоҳад дошт.
Ҷаҳони сипосу ташаккур аз номи маъмурияти мактаби №26-и деҳаи Пакшифи Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, ки рисолати хешро дар сатҳи баланд иҷро мекунаду аз ҳолу аҳволи аҳли маориф пайваста бохабар аст.
Рустамҷони АБДУЛЛО,
омӯзгори МТМУ-и №26,
ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ