БУНЁДИ ДУ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Дар деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муассисаи таълимии наву замонавӣ ба истифода дода шуд. Таълимгоҳи №71 аз ду ошёнаи барҳаво, 10 синфхона, ошхона, китобхона ва ҳуҷраҳои иловагӣ иборат буда, барои зиёда аз 600 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо омӯзгорону хонандагон вохӯрӣ намуда, таъкид кард, ки дар шароити рушду пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон, ҳамқадамӣ бо давлатҳои мутамаддин тақозо мегардад, ки хонандагон аз давраи мактабхонӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи иттилоотӣ дар сатҳи хуб фаро гирифта шаванд.
Дар деҳаи Инқилоби Ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод”- и ноҳияи Вахш низ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар он дар асоси дастуру супоришҳо ва бо ибратомӯзӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва иқоматкунандагони деҳаи мазкур як муассисаи таълимии барҳаво бо беҳтарин фазои илмомӯзӣ ҳамчун армуғони наврӯзӣ қомат афрохт. Ин амали сокинони деҳа гувоҳи ҳамкории наздики волидон бо муассисаи таълимӣ мебошад, яъне, падару модарон дар муҳайё кардани шароити мусоид барои фарзандонашон масъулият нишон дода, ба ин кор даст заданд, ки намунаи ибрат барои дигарон аст.
Зикр гардид, ки муассисаи таълимӣ дар муҳлати на камтар аз се сол бунёд шуда, бо дастгирии мақомоти иҷроия ва саҳми сокинони маҳал бо лавозимоти зарурии хониш, таҷҳизоти таълимӣ таъмин карда шудааст.
Суҳроб Азизӣ,
“Омӯзгор”, шаҳри Бохтар