АМАЛИ МУҲИМ ДАР САМТИ ПИРЯХШИНОСӢ

Маросими ифтитоҳи Маркази илмии “Глятсиология” (пиряхшиносӣ)-и факултети геоэкология ва туризми Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо ҳузури намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, ректори донишгоҳ, профессор Аюб Усмонзода ва ширкати васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ Маркази илмии “Глятсиология”-ро ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созанда ва ҷаҳонии Пешвои миллат дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи обу иқлимшиносӣ ва пиряхшиносӣ муҳим арзёбӣ кард. Тоҷибой Султонӣ ифтитоҳи Маркази пиряхшиносии назди донишгоҳро дар самти татбиқи ҳадафҳои ҷаҳонии Пешвои миллат амали саривақтӣ ва муҳим шумурд.
Маркази илмии “Глятсиология” фаъолияташро дар асоси низомнома ба роҳ монда, бо Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади омода намудани мутахассисони баландпоя ва ҷиҳати пешгирии обшавӣ ва роҳу усулҳои ҳифзи пиряхҳо тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ менамояд. Марказ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, донишҷӯён дар раванди корҳои илмӣ — омӯзишӣ аз он самарабхш истифода бурда метавонанд.

Нуъмон Раҷабзода,
“Омӯзгор”, вилояти Суғд