ВОКУНИШ БА МАТЛАБЕ ТАҲТИ УНВОНИ “КАРТОШКАҶАМЪКУНӢ – ТАЛАБИ НАВ ДАР МАКТАБ” (“СССР”, 16.03.2023, №10-11)

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкориҳои беғаразона бо ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ қаноатманд буда, ҳамеша навиштаҳои онҳоро пайгирӣ менамояд ва камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаро бартараф мекунад.
Вазорат матлаби дар ҳафтаномаи “СССР” нашршударо таҳти унвони “Картошкаҷамъкунӣ – талаби нав дар мактаб”, ки дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” низ бознашр гардида, дар он бар иддаои раиси маҳаллаи Роҳи нави ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш Идибек Пириев дар МТМУ №47-и ноҳияи Вахш аз хонандагон картошка талаб карда, дар ҳолати навоардани картошка онҳоро намегузоранд “ба дарс дароянд”, пайгирӣ намуд. Матлаби мазкур дар ҷаласаи назди муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода бо иштироки мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ва директори МТМУ №47 мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт.
Маълум гардид, ки МТМУ №47-и ноҳияи Вахш соли гузашта бо маблағи 8 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Даврон Ҷӯраев бозсозӣ гардида, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар муассиса ягон хонанда барои наовардани картошка аз дарс пеш карда нашудааст. Кайд бояд кард, ки дар ноҳияи Вахш барои ҳар як муассисаи таълимӣ 0,5 то 1 гектар замин барои кишти картошка ҷудо карда шудааст, ки ҳосили он ба муассисаи таълимӣ ва омӯзгорон дода мешавад.
Ҷамъовари пули ҷорӯбу сатилу латта дар муассисаи мазкур асоси воеӣ надошта, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва ғизои маънавӣ гирифтани онҳо обуна шудан ба нашрияҳои соҳавие, ки мазмуну муҳтавояшон ба синну соли хонандагон мувофиқ аст, тавассути Кумитаи падару модарон ба роҳ монда шудааст.
Тибқи дастури вазири маориф ва илм танҳо Кумитаи падару модарон метавонад ба намоиши барномаҳои театрикунонидашуда берун аз вақти дарсӣ иҷозат диҳад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан аз ҷониби шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш вокуниш ба матлаби мазкур ба идораи ҳафтаномаи “СССР” ирсол гардида буд.
Вазорати маориф ва илм аз тамоми сокинони кишвар эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба хабарҳои дурӯғу беасос, ки мавқеи омӯзгорро дар ҷомеа паст мекунанд, бовар накунанд ва вобаста ба пешгирии ҷамъоварии ғайриқонунии маблағҳо дар муассисаҳои таълимӣ ба тариқи расмӣ ба мақомотҳои дахлдор, телефони боварии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 227-76-86 ё ба сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.maorif.tj) муроҷиат намоянд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон