30 марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ – назариявӣ таҳти унвони «Паём, ҷавонон ва манфиатҳои миллӣ» бо иштироки муовини якум, муовини вазири маориф ва илм, кормандони ҷавони дастгоҳи марказии вазорат, муассисаҳои зертобеи вазорат ва дигар масъулин баргузор гардид.
Нахуст, муовини якуми вазири маориф ва илм зимни баромади худ иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи фаъолияти худ шуморида, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 23 декабри соли 2022 қайд намуданд, ки ҷавонон нерӯи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудан вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа аст. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд.
Дар ҳамоиш Беҳрӯз Сафарзода — раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ганҷ»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Паём – роҳнамои ҷавонон» ва Тоҳирзода Муҳаммадалӣ – сармутахассиси шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ — дар мавзуи «Ҷавонон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ» суханронӣ намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамоиш дар асоси Нақша чорабиниҳои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони ватан” дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ганҷ»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
