«НУРАФШОН» НУРБАХШ АСТ

Дар 19 муассисаи таҳсилоти томактабии ноҳияи Ҷаббор Расулов 3700 нафар ва дар 5 кӯдакистони хусусӣ 526 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия 243 нафар мураббия фаъолият доранд. Ҳамчунин, дар назди 27 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ марказҳои инкишофи кӯдак дар 41 гурӯҳ бо фарогирии 800 тарбиятгиранда амал менамоянд.
Солҳои ахир ба рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия ва сохтмону азнавсозии онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Яке аз муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия бо номи “Нурафшон” соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд. Ин муассиса бо ибтикори соҳибкори маорифпарвар Шамсӣ Бобоҷон иборат аз се ошёна сохта шуда, дар он шароити беҳтарини таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.
Айни замон дар муассиса 7 гурӯҳ мувофиқ ба синну сол бо фарогирии 200 нафар кӯдак амал менамояд. Забони таҳсил русӣ буда, дар баробари он забонҳои англисӣ ва хитоӣ низ омӯзонида мешавад. Ҳамчунин, кӯдакон бо барномаҳои пешрафта барои омӯзиши фанҳои дақиқ омода карда мешаванд.
Таълиму тарбия мувофиқи барномаи “Рангинкамон” ба роҳ монда шудааст. Дар озмунҳои “Донояк, “Шукуфаи Истиқлол” тарбиятгирандагони муассиса борҳо сазовори мақомҳои ифтихорӣ гардидаанд.
Зимни суҳбат сармураббияи кӯдакистон Қуйсиной Қурбонова иброз намуд, ки бо дастгирии муассис дар назди муассиса ансамбли кӯдаконаи “Нурафшон” ба фаъолият оғоз намуд ва бо роҳбарии омӯзгори суруд ва мусиқӣ тарбиятгирандагон ба нозукиҳои санъати рақсу сарояндагӣ ошно мегарданд. Дар толори барҳавои кӯдакистон сози мусиқии замонавии пианино харидорӣ карда шуда, дигар созҳои мусиқӣ низ, аз қабили дутор, доира, най мавҷуд мебошанд.
Ҳамчунин, бо дастгирии муассис синфхонаи компютерӣ бо 10 адад компютер ташкил карда шудааст. ки 10 адад компютери замонавӣ дастрас аст.
Муассиса дорои ошхонаи замонавӣ буда, кӯдакон рӯзе панҷ бор бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Мудири кӯдакистон Шавқия Умарова ҳамроҳи беҳтарин мураббияҳо Маҳбуба Азимова, Шабнам Ниёзова, Дилдора Исоева, Гулбаҳор Болтабоева ва дигарон бо дили софу нияти пок рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд.
Дастгирии ятимону камбизоатон дар меҳвари фаъолияти муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва худи муассис қарор дошта, айни замон 10 нафар тариқи ройгон ба кӯдакистон фаро гирифта шудаанд ва 10 нафари дигар маблағи кӯдакистонро ба миқдори 50 фоиз пардохт менамоянд. Дар ҳар иду айём онҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Дар муассисаи таҳсилоти томактабии “Нурафшон” ҳар як гурӯҳ дорои ҳуҷраҳои машғулият, хоб ва бозӣ мебошад.

Нуъмон Раҷабзода,
“Омӯзгор”