МАРКАЗИ МЕДИАЖУРНАЛИСТИКА ВА РУШДИ РАСОНАҲОИ НАВ

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав ифтитоҳ ёфт. Ин ташаббус дар раванди иттилоотӣ-таҳлилии фаъолияти донишгоҳ рӯйдоди нек маҳсуб меёбад.
Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода таъкид намуд, ки маркази мазкур ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбияи кадрҳои лаёқатманди соҳаи медиажурналистика ва бо дарназардошти рушди устувори расонаҳои хабарӣ дар назди донишгоҳ таъсис дода шуд.
Илҳом Ҷамолиён, директори Маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нави донишгоҳ, дар мавриди мақсади таъсис ва фаъолияти марказ ибрози назар карда, огоҳ кардан ва омӯзонидани журналистони ояндаро бо навтарин рӯйдодҳои расонаӣ ҳадафи меҳварии ин иқдом унвон намуд.
Бино ба андешаи ӯ, марказ дар баробари пешбурди корҳои таълимӣ, инчунин, корҳои пажуҳиши илмиро дар соҳаи рӯзноманигории рақамӣ ва расонаҳои нав анҷом доданист, ки бешак, ба даъватҳои муосир дар соҳаи журналистика ҷавобгӯй хоҳанд буд.
Дар марказ ҳамчун лабораторияи илмӣ — эҷодии донишҷӯён лоиҳаҳои инноватсионӣ таҳия ва татбиқ карда мешаванд ва он ба майдони таҷрибаи истеҳсоли расонаӣ, ба хотири озмоиш ва пешбурди технологияҳои ояндадор, эҷод, таҳия ва пешбурди шакл ва қолабҳои нави муҳтавои расонаӣ мубаддал мегардад. Собиқадорони соҳаи матбуот ифтитоҳи маркази мазкурро дастоварди наҷиб унвон намуда, таъкид доштанд, ки фаъолияти самараноки он дар тарбияи кадрҳои лаёқатманди соҳаи рӯзноманигории рақамӣ ва расонаҳои нав саҳми муассир хоҳад гузошт.

Нуъмон Раҷабзода,
«Омӯзгор»