Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Рӯзи матбуоти тоҷик дар сатҳи баланд баргузор шуд.
Соли гузашта бо ташаббуси раиси шаҳри Кӯлоб мувофиқан ба чор номинатсия – — чопи мавод дар матбуоти даврӣ, шунавонидан тариқи радио, инъикос тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, инъикос тавассути шабакаҳои телевизионӣ озмуни «Беҳтарин муаррификунандаи дастовардҳои шаҳри Кӯлоб» эълон карда шуда буд. Ин озмун ба ифтихори Рузи матбуоти тоҷик ҷамъбаст гардид.
Шариф Абдулҳамид, хабарнигори рӯзномаи «Омӯзгор» дар минтақаи Кӯлоб, аз рӯйи номинатсияи «Чопи мавод дар матбуоти даврӣ» ҷойи 3-юмро ишғол намуд ва соҳиби мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ шуд.
Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ,
рӯзноманигор
