ВОХӮРӢ БО МАСЪУЛИНИ ОЗМУН

20 феврали соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо масъулини озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ шахсони масъул аз ҳисоби кормандони вазорат ва муассисаҳои зерсохтори он, сардорони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва ҳамзамон аъзои ҳакамони даври муассисавӣ ва даврҳои баъдии озмун иштирок намуданд.
Дар аввал Ҷамшед Ҷӯразода ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани озмун ва ҳар чӣ бештар ҷалб намудани донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, унвонҷӯён ва омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ суханронӣ намуд.
Сипас, вобаста ба тарзи баргузор намудани даврҳои озмун Саломиён Муҳаммаддовуд — президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон суҳбат кард.
Дар идома вобаста ба рафти баргузории озмун дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ҳисобот пешниҳод гардид.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон