Дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи ВМКБ курсҳои шиносоӣ бо низоми имтиҳонҳои мутамаркази дохилшавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Аз ҷумла, чунин бозомӯзӣ бо муовинони директорони муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарони иттиҳодияҳои методии шаҳри Хоруғ баргузор шуд.
Дар ноҳияи Мурғоб чунин бозомӯзӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-и ба номи А.Б. Атабаев бо хонандагони синфҳои 9-11 ва волидони хатмкунандагон барпо гашт. Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбия Абдигопир Орозматов оид ба имтиҳонҳои мутамаркази дохилшавӣ семинар доир намуд. Дар он мудири шуъбаи маорифи ноҳия Т. М. Мирзозода, мудири бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Шаҳтут Хоников ва мутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия М. Давлатова иштирок ва суханронӣ карданд.
Ҷ.Қозибеков,
«Омӯзгор»
