ГУФТУГӮ ОИД БА ОЗМУН

15 феврали соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми кумитаи тадорукот, ҳайати Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо роҳбарии раиси комиссияи озмуни мазкур, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён доир гардид.
Дар ҷаласа ду масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар аввал доир ба вазифаҳои Комиссияи ҷумҳуриявӣ ва салоҳиятҳои он тибқи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» раиси комиссия Матлубахон Сатториён суханронӣ карда, вазифаҳои комиссияро дар самти баргузор намудани озмун тавзеҳ бахшид. Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ таъкид кард, ки дар ҷараёни озмун бояд ба ягон камбудӣ роҳ дода нашавад, ҷиҳати баргузорӣ ва шаффофияти он назорати ҷиддӣ ва доимӣ ба роҳ монда шавад.
Сипас, вобаста ба корҳои анҷомдодашуда ва вазифаҳои минбаъда дар кори комиссия ва баргузории озмун гузориши котиби комиссияи озмун Зиёдулло Абдулзода шунида шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон