МУЛОҚОТИ РЕКТОРОН БО ХАТМКУНАНДАГОН

Дар толори Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт вохӯрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид.
Дар даромадгоҳи театр маҳсули ҳунармандии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуд, ки баъди боздид иштирокчиён ба дастранҷи онҳо баҳои баланд доданд. Раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода суханронӣ намуда, вобаста ба дастовардҳои соҳаи маориф ва имконоти васеи интихоби боргоҳи таълимӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Сипас, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят ба хонандагон оид ба сифати таълим ва имкониятҳои мусоиди донишгоҳҳои худ маълумот пешниҳод намуданд. Дар идома, хатмкунандагон вобаста ба шароит ва имтиёзҳои донишгоҳҳо аз роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пурсиш намуда, ҷавоби мушаххас гирифтанд.
Нуъмон Раҷабзода,
“Омӯзгор”