Рӯйи кор омадани ташаббусҳои нав дар соҳаи маориф, самараи ҳамкории муштараки раёсати маорифи вилоят бо дигар сохторҳо, иштироку натиҷаҳои бадастовардаи хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ба шумор меравад, ки дар нишасти хабарии сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода дар ин хусус сухан рафт.
— Дар соли 2022 43 нафар омӯзгори ҷавон бо қарзҳои имтиёзнок, инчунин, беш аз 100 нафар омӯзгор ва корманди соҳаи маориф бо заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд, ки аксарияти онҳо аз ноҳияҳои Дӯстӣ ва Кӯшониён мебошанд. Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода зикр намуд, ки соли 2022 барои ҳавасманд намудани омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон беш аз 800 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, ба пешсафони соҳа ва омӯзгорону хонандагони пешқадам дар асоси ҷоизаҳои раиси вилояти Хатлон дода шудааст. Аз ҷумла, ҷоизаи “Омӯзгори ифтихории Хатлон” барои омӯзгорони беҳтарини вилоят ва Ҷоизаи “Соҳибватан” барои хонандагони фаъол, ҳамзамон Ҷоизаи “Раиси вилояти Хатлон барои соҳаи маориф” соли аввал рӯйи кор омад, ки дар асоси онҳо беш аз 180 нафар омӯзгор қадрдонӣ шуданд. Илова бар ин, аз тарафи Раёсати маорифи вилояти Хатлон “Парчами сайёри ғолиб” ташкил карда шуд, ки ҳамасола ба раиси яке аз ноҳияҳое, ки дар ҳама самтҳо миёни 25 шаҳру ноҳия пешсаф мебошад, дода мешавад.
Соли 2022 Парчами мазкур ба раиси ноҳияи Данғара дода шуд. Барои аз байн бурдани мушкилоти норасоии омӯзгорон ҳоло аксарияти ноҳияҳо усулҳои гуногуни ҳавасмандгардониро истифода намуда истодаанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Дӯстӣ барои ҳар як омӯзгор ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ ва таъмин намудан бо ҷойи зисти муваққатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки зина ба зина дар шаҳру ноҳияҳо мутахассисон ба кор ҷалб шуда истодаанд. Тибқи эълони мақомоти маҳаллӣ, ба ҳар як мутахассис ҷудо намудани 12 сотих замини наздиҳавлигӣ пешбинӣ шудааст.
Ғ. Сафарзода афзуд, ки бори нахуст дар озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон” довталаб аз вилояти Хатлон ҷойи аввалро ишғол кард. Мураббияи муассисаи томактабии хусусии “Оиша”-и ноҳияи Восеъ Озодамо Қодирзода бо нишон додани донишу маҳорати баланди худ миёни мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабии кишвар унвони “Беҳтарин мураббии соли Тоҷикистон — 2022”-ро соҳиб гашт. Ҳамчунин, дар озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон — 2022” омӯзгори литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар Бахтовар Ҳукумзода иштирок намуда, ҷойи намоёнро ишғол намуд. Дастоварди муҳимми аҳли маориф вилояти Хатлон ғолибият ва ба даст овардани Ҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз тарафи хонандаи синфи 9-и мактаби №8-и ноҳияи Данғара Шаҳло Сайдалиева мебошад.
С.АЗИЗӢ,
“Омӯзгор”
