ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ

14 феврали соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ омили пешгирии падидаҳои номатлуби кӯдакону наврасон” баргузор гардид. Дар он Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Насиба Содиқӣ – раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба ва бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маориф ва директорони марказҳои таҳсилоти иловагии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин, хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок карданд.
Дар оғоз вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода зикр намуд, ки тарбияи шахсиятҳои донишвару ватандӯст, соҳибкасбу ҳунарманд вазифаи аввалиндараҷаи мактабу маориф маҳсуб мешавад. Маҳз ба ҳамин хотир дар сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзилати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои кӯдакону наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста шуда, барои рушди ин соҳаи муҳим тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Дар идома раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насиба Содиқӣ дар мавзуи «Роҳҳои амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаҳонгир Одинаев дар мавзуи «Роҳҳои пешгирии шомилшавии кӯдакону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ», намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадшариф Одиназода дар мавзуи «Усулҳои пешгирӣ намудани кӯдакону наврасон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ» ва Ҳотамшо Ҳасанзода дар мавзуи «Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024», намояндаи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ҳифзи ҳуқуқи инсон дар пешгирии савдои одамон» суханронӣ намуданд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон