ВОХӮРИИ ВАЗИР БО ШАМШ КАССИМ-ЛАКХА

9 феврали соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раҳим Саидзода- вазири маориф ва илм бо Шамш Кассим-Лакха — раиси Шурои парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Раҳим Саидзода зикр намуд, ки ҳадафи асосӣ аз фаъолияти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ пешниҳод намудани таҳсилоти олии касбии мутобиқ ба сатҳи байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ ва тарбият намудани мутахассисонест, ки метавонанд якҷоя бо ҷомеаҳои маҳаллӣ дар самти рушди иқтисодиёти минтақа саҳмгузорӣ кунанд.
Шамш Кассим-Лакха таъкид намуд, ки аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар маркази шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Данғара ва шаҳри Хуҷанд марказҳои омӯзишии забони англисӣ дар ояндаи наздик кушода, ба истифода дода мешавад.