7 феврали соли ҷорӣ дар толори меҳмонхонаи “Хилтон” машварати лоиҳаи “Биё, ҳамроҳ омӯзем” баргузор гардид, ки дар он Абдулзода Зиёдулло – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷеймс Пэрис – муовини директори USAID дар Тоҷикистон, Филлип Баттерфилд – роҳбари лоиҳаи “Биё, ҳамроҳ омӯзем”, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он ва аъзои гурӯҳи кории лоиҳаи мазкур иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ Абдулзода Зиёдулло зикр намуд, ки тибқи талаботи Стратегияи миллии рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ташкил ва баргузор намудани арзёбии дониши хонандагон тибқи меъёрҳои байналмиллалӣ дар сатҳҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст. Натиҷагирии тадқиқотҳо ва пайваста доир намудани мониторинг ва арзёбии тавсияҳои пешниҳодшуда барои сифатан беҳтар намудани натиҷаҳои таълим, бахусус, дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ муҳим аст.
