Аз дастовард ва комёбиҳои вазорат то ҳувияти миллӣ

 Шумораи №6, 9 феврали соли 2023-и нашрияи «Омӯзгор» дар саҳифаи аввал фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендияро ҷой додааст. Хонандагони нашрия, ҳамчунин, аз саҳифаҳои 2-3-4-5-6-7 бо Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳи Амри мазкур аз 02.02.2023 шинос мешаванд. Саҳифаҳои 8-9-10 матолиберо фаро гирифтааст, ба навгониҳои соҳаи маориф, фаъолияти густурдаи Вазорати маориф ва илм, нишасти матбуотии вазорат ва дигар нишастҳои матбуотӣ, ки дар донишгоҳу донишкада ва муассисаю идораҳои маорифи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ баргузор гардиданд, бахшида шудаанд. Мақолаи Д.Қурбонзода ва Н.Охунзода – «Дастовард ва комёбиҳои вазорат», «261 нафар дипломи «аъло» гирифт» (Ҳотами Ҳомид), «Коргоҳи Лубан дар донишгоҳ»-и Абдурауфи Муродӣ, «Корҳои илмию-таҳқиқотӣ тақвият меёбанд»-и Шодӣ Раҷабзод, «Кумак ба 62 омӯзгору донишҷӯ» бардоштаҳои мухбирони нашрияро аз бурду бохти фаъолияти солонаи ин муассисаю ниҳод дар бар мегирад. Дар мақолаи «Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст» котиби масъули нашрия Н.Охунзода перомуни баргузории олимпиадаи фаннӣ дар литсей-интернати Президентӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (даври сеюми минтақавӣ) ва ҷамъиятӣ – гуманитарии хонандагони синфҳои 5-6-и муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таҳлили муфассал анҷом додааст. Бояд қайд намуд, ки аз шумораи умумии иштирокдорони олимпиадаи мазкур 314 нафар аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва 368 нафар аз фанҳои ҷамъиятӣ — гуманитарӣ ширкат варзиданд. 80 нафар хонандаи синфҳои 5-6 ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд. Дар саҳифаи «Мавзуи рӯз» матолиби проблемавии мухбирони минтақавӣ аз вилояти Суғд Нуъмон Раҷабзода «Мастчоҳ: иҷрои барномаи давлатӣ нигаронкунанда аст» ва Ҷангибеки Улфатшоҳ аз ВМКБ – «Мушкилоти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ» ҷой дода шудаанд, ки ба мушкилоти соҳа: иҷро нагардидани «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020-2025» дар ноҳияи Мастчоҳ ва сабабҳои пардохт нашудани маблағи иҷрраи китобҳои дарсӣ алоқаманданд. Саҳифаҳои «Шарафмандон» ва «Олимони мо» фаъолияти серпаҳлуи профессор, физикдони маъруф Ҷалил Рашидов ва файласуфи донишманд Рустам Комиловро инъикос намудаанд. Мақолаҳои пурмуҳтавои директори мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ Бахтовар Давлатқадамов таҳти унвони «Ҳувияти миллӣ-садоқат ба ватан» ва мухбири нашрияи «Омӯзгор» Абдурауф Муродӣ — «Зодрӯзи волейбол» масоили умдаи соҳаи маорифро дар бар гирифтаанд. Дар саҳифаи 16 ду озмуни эълон шудаи нашрияи «Омӯзгор» — яке бо номи «Тоҷикистон диданист» ба инъикоси масоили сайёҳӣ, муаррифии густурдаи ёдгориҳои таърихию фарҳангии диёр ва тасвиру ситоиши шоистаи манзараҳои дилрабои табиати Ватан ва дигаре — «Дарси муосир: маҳорат, малака ва таҷриба» барои беҳтарин мақолаҳои методӣ, илмӣ ва дастурӣ ба табъ расидааст, ки аввалӣ то 27-уми сентябр ва дувумӣ то 9 сентябри соли 2023 идома хоҳад ёфт. Мукофотҳо барои ғолибон дар озмуни «Тоҷикистон диданист»: ҷои 1- 4000 сомонӣ, ҷойи 2 – 2000 сомонӣ ва ҷойи 3 – 1000 сомонӣ ва озмуни «Дарси муосир: маҳорат, малака ва таҷриба» — 1 – 2500 сомонӣ, ҷойи 2 – 1500 сомонӣ ва 3 – 1000 сомонӣ муқаррар гардидааст. Дар умум, шумораи навбатии «Омӯзгор» ҷолибу пурмуҳтаво ва хонданбоб буда, масоилу мавзуоти доғӣ рӯзро дар бар гирифтааст.

Навбатдори шумора:
Шод
ӣ Раҷ
абзод