РОҲИ РАҲОИ АЗ ТЕРРОРИЗМ

Дар ин олами ҳасти ҳар мушкилӣ роҳи ҳалли худро дораду онро аҳли хирад меҷӯянд: бемор давои дардашро, зиндони роҳи наҷот аз зиндон, мусибатзадае роҳи халосӣ аз мусибат, ғаркшудае роҳи баромадан аз обу ташнае роҳи ёфтани об ва амсоли инҳо. Дар ҷомеаи имрӯза мусибате низ ба миён омадааст, ки роҳи ҳалли онро тамоми мамолики дунё мекобад. Ин мусибати даҳшатангез пайдо гардидани ҳар гуна гурӯҳҳои террористию экстремистї ва ифротгароӣ дар байни мардум мебошад.
Терроризм аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маъ нои даҳшат, ваҳм, воҳима, хавф, офат, тарс ҳарос, бим, хавотири, ҳаяҷон,  изтироб, ниҳоят тарсонидан ва таҳдид карданро дорад.
Моҳияти терроризм, тарсонидан ва ба воҳима андохтани мардум ва дигар қишрҳои ҷомеа мебошад.
Экстремизм аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш майл доштан ва тарафдор будан ба ақидаҳои ифротгароёна мебошад. Дар сиёсат бошад, зери мафҳуми экстремизм кӯшиши бо усулу роҳҳои қатъи (радикалӣ), ки ҳамаи шакли зӯроварӣ ва тарсу таҳлукаро дар бар мегиранд, барои ҳал намудани масъалаҳо ноил гардидан ба мақсад фаҳмида мешавад.
Мақсади асосии экстремизм кинаву адоват ё низои миллӣ, нажоди, динӣ, маҳалгароӣ, паст задани эътибори миллӣ, тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал мебошад.
Худ шоҳиди он ҳастем, ки дар баъзе аз мамлакатҳои дунё чи гуна ҳодисаҳои мудҳиш аз тарафи ин гуна шахсони нопок рух дода истодааст. Чи қадар одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, чи қадар ҷавонон ҷавонмарг мегарданду чи қадар мардум ба ҳарос меоянд. Аъзои ин гурӯҳҳо таҳти ҳадафҳои муғризонаи худ муттаҳидона фаъолият намуда, то мақсади разилонаи худро тавассути онҳо амалӣ намоянд. Баъзе ҷавонони сустирода худро бозичаи ин разилон намуда, ба онон ҳамроҳ шуда, боиси пайдо гардидани хатари ҷидди дар байни ҷомеа мегарданд. Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёмашон насли наврас ва ҷавононро талқину таъкид мекунанд, то фирефтаи ин фурӯмоягон нагарданд. Бар замми ин, баҳри пешгирӣ аз ин роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бурдан бо терроризм ва ба ҷавобгарии ҷинои кашидани террористон ва ҷинояткорон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул гардидааст.
Мо-ҷавононро мебояд, ки номбардори халқу давлат гардида, ҷомеаро аз ин дарди бедаво раҳо созем.

Ҳоҷимо МУРОДОВА,
омӯзгори забон ва адабиёти МТМУ №8, ноҳияи Айни