ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДАСТАРИН НЕЪМАТ

Истиқлоли  давлатӣ  бузургтарин  ва муқаддастарин  неъмат,  нишонаи  олии ҳувияти  миллӣ,  ифтихор  ва  номуси  ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати  тоҷик  ва  асоси  хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.

***

Муқаддасу  бегазанд  ва  пойдору  устувор нигоҳ доштани истиқлол ҳамчун неъмати бебаҳои таърих вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст ва аз ҳар яки мо саъю талош, нангу номус ва ҳушёриву зиракии сиёсиро талаб мекунад.

***

Истиқлол  барои  эҳёи  забони  тоҷикӣ  ва фарҳанги миллӣ заминаи устувор гузошт. Забони  ширину  шево  ва  шоиронаву  зебои тоҷикӣ,  ки  моро  ба  ҷаҳониён  ҳамчун  миллати куҳанбунёд ва қавми ориёӣ муаррифӣ кардааст, ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд.

***

Ба  хотири  ҳифзи  ин  неъмати  бебаҳои таърихӣ, яъне истиқлол, ки шарти ҳастиву бақои миллат ва кафили фардои дурахшони он мебошад, ҳамчунин, барои таҳкими дастовардҳои он, аз ҷумла, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқи азизамон ҳар яки мо вазифадорем, ки минбаъд низ  тамоми  донишу  таҷриба  ва  саъю  кӯшиши худро  ба  ин  роҳи  пуршараф  сафарбар  созем ва бо заҳмати содиқонаи худ Ватанамонро боз ҳам ободу зебо ва давлати соҳибихтиёрамонро пешрафтаву муқтадир гардонем.

Эмомалӣ РАҲМОН