Нашрияи Омӯзгор

Сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 15        Шарҳ: 0

 

Соли 2007 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гимназия – интернати давлатии «Каёниён» таъсис дода шуд, ки сарварии онро Маҳмадисо Қурбонов ба уҳда дошт.

Соли аввали таъсисёбии муассисаи таълимии мазкур теъдоди хонандагон сад нафарро ташкил медод. Ҳоло ин шумора ба панҷсад нафар расидааст.

Моҳи январи соли 2009 роҳбарии «Каёниён» ба уҳдаи Гуландом Шодиева вогузор гардид. Дар давоми роҳбарии ӯ кори таълиму тарбия ба куллӣ тағйир ёфта, сатҳу сифати дониш пеш рафт. Натиҷаи ин буд, ки шогирдони таълимгоҳ Фурқатҷони Давлатмурод ва Умедҷон Аброров ғолиби озмунҳои вилоятӣ («Донояк» ва «Зебонависон») гардиданд.

Дар соли 2013 гимназия – интернати давлатии «Каёниён» соҳиби бинои хусусӣ шуд.

Аввалин хатмкунандагони гимназия соли 2019 (нуздаҳ нафар) ба мактабҳои олии кишвар ва хориҷа дохил гардиданд.  Дар гимназия бинои алоҳидаи китобхона ташкил карда шудааст ва бо китобҳои бадеии тозанашр таъмин мебошад.

Ҳоло ин ҷо аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ сохтмони ҳашт синфхонаи иловагӣ идома дорад.

Сафар Сабуров,

омӯзгор аз ноҳияи

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш