Дар овоне, ки муаллими деҳаамон будам, рӯзе ба синфи 5ум даромадаму аз гиряи ду духтарак ва саросема оби дида пок карданашон хавотир шуда, пурсидам, ки чӣ гап шуда бошад? Писарбачае ҳозирҷавобӣ карда гуфт: “Устод, шунидем, ки шуморо аз роҳбарии синфи мо гирифта, ба роҳбарии синфи 6ум гузаронидаанд, акнун роҳбари синфи 6ум роҳбари мо мешавад. Инҳо барои ҳамин гириста истодаанд, ки шумо муаллими хуб ҳастеду он кас одами ганда”. Шогирдонро тасаллӣ дода гуфтам, ки одами ганда ҳеҷ гоҳ муаллим намешавад, сахтгирии устод ба манфиати шумост, ки хонда одами бомаърифат шавед, ба роҳи дуруст равед, ба касе муҳтоҷ нашавед. Аз он ки ин мактаббача як муаллими пешқадаму обрӯманди деҳаро одами гандаю мани омӯзгори камтаҷрибаро муаллими хуб меҳисобад, табъам хира гардида, дар дилам худро маломат мекардам, ки бо шогирдон аз ҳад зиёд меҳрубонӣ кардаам, шояд ин аҳвол ба таҳсили ояндаашон таъсири бад расонад.
Вале андешаи дигаре маро ором намегузошт ва ҳидоят ба навиштани ҳамин мақола кард. Шояд ҳамон муаллими ҳамдеҳаам каме усули корашро тағйир медоду дар баробари сахтгириҳо, кӯшиши ба дили кучаки шогирдон роҳ ёфтанро мекард, натиҷааш ҳам барои ӯ ва ҳам барои шогирдон беҳтар мебуд. Охир, пайи натиҷаҳои корӣ шуда, омӯзгор набояд обрӯ, шаъну эътибори шахсии худро аз даст диҳад.
Маълум, ки сарчашмаи таълиму тарбия оила буда, камолоти минбаъдаи маънавӣ ва шаклгирии шахсияти хонанда аз гузоштани хишти нахустини таълиму тарбия дар оила вобастагӣ дорад. Дар замони Шуравӣ дастархони оилаҳои серфарзанд чун имрӯза пурнозу неъмат набошад ҳам, фарзандони оила як бурда нону чанд дона қанди сафедро дӯстона бо ҳам медиданд, меҳру муҳаббат, дастгирию ҳамдигарфаҳмӣ ё ба истилоҳи онвақта, “коллективизм” дида мешуд. Дар оилаҳои имрӯза баробари хеле боло рафтани сатҳи зиндагӣ ва ба дусе нафар коҳиш ёфтани шумораи аъзояш аз чӣ бошад, ки меҳру муҳаббати байниҳамдигарӣ хеле коста шудааст, худхоҳӣ, мағрурию нописандӣ авҷ гирифта, барои тарбия муҳити носозгори руҳию равонӣ ба вуҷуд меояд. Аксаран падару модар, ки омӯзгору тарбиятгари аввалин ба ҳисоб мераванд, ба беҳтар кардани сифати ғизо, сару либос, обутоби ҷисмонии фарзандон аҳамият дода, таълиму тарбияи ахлоқии онҳоро фаромӯш менамоянд.
Бо мақсади пешгирӣ кардани ин ҳолат зарур аст, ки омӯзиши фанни «Одоби оиладорӣ» дар ҳамаи синфҳои болоӣ ба роҳ монда шуда, барои таълими он омӯзгорони беҳтарин ҷалб шаванд, зеро оилаи солимро ҷавононе барпо карда метавонанд, ки ба ҳаёти оилавӣ ҳамаҷониба омода шудаанд.
Дар олами таълиму тарбия роҳи аз ҳама осон, вале хавфноки ба даст овардани натиҷаҳои баланд бо дӯғу пӯписа, таҳдиду фишороварӣ ва тарсонидан мебошад. Ҳолати руҳиву равонии кӯдакеро тасаввур намоед, ки қобилияти баланди азхудкунӣ надораду аз муаллими сахтгираш тарсида, дар интизори фарорасии дарси навбатӣ ва рӯ ба рӯ шудан бо ин “муҷассамаи пурдаҳшат” чун барги бед меларзад. Сахтгириву назорат ва меҳрубонӣ нисбат ба шогирдон бояд ҳамеша мувозӣ дар баробари ҳам бошанд. Қатъияту сахтгирие, ки то ба дараҷаи ифрот мерасад, ҳуқуқҳои шогирдонро поймол намуда, онҳоро тарсончак, сустиродаю беғайрат, баъзан ғазаболуду агрессивӣ гардонида, нафраташонро на танҳо ба омӯзгори сахтгир, балки ба шарикдарсону мактаб ва умуман, ба муҳите, ки ӯро фаро гирифтааст, зиёд мекунад. Оқибат чунин шогирдон бовариашонро ба одамон гум карда, худро бекасу танҳо ва барои ҷамъият нодаркор меҳисобанд. Дар пешорӯйи мушкилоти зиндагӣ ин ҳолат барои мағзшӯйӣ ва ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ ҷалб шудани ин гуна ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меоварад. Аз ин рӯ, дар таълиму тарбияи шогирдон, алалхусус, хурдсолон бағоят эҳтиёткор бояд буд. Як сухани қабеҳ ё танбеҳи ноодилона метавонад дили кӯчаки ӯро ба дард оварда, ба саломатӣ, пешрафту камолоти маънавии ӯ таъсири ҳалокатовар расонад.
Кӯдакон дурӯғгӯю фиребгар, дуруштсухану дилозор ба дунё наомадаанд. Ибораҳои маъмули “кӯдаки душвортарбия”, “ҷавони душвортарбия” чун оина инъкоскунандаи чигунагии одобу ахлоқи калонсолон мебошад, зеро онҳо дар ҳама кор ба калонсолон пайравӣ мекунанд. Дар авҷгирии низоъҳои оилавӣ, бархӯрди ақидаҳо, пастравии ахлоқи мардум ва мушкилоти дигари зиндагӣ нақши муошират, лаҳни гуфтугӯ ва тарзи баён хеле бузург аст.
Мустаҳкамии тарбия аз риояи одоби муоширати байниҳамдигарии одамон, аз ҷумла, омӯзгору хонанда вобаста мебошад. Агар муносибати шумо бо кӯдакон ҳаққонию самимӣ бошад, навозиш, лутфу меҳрубониатон зоеъ нашуда, аз шогирдон даҳчанди онро бозпас хоҳед гирифт. Аксаран заҳматҳои шабонарӯзии омӯзгор ва падару модар аз рӯйи одобу ахлоқи шогирд ё фарзанд бо лафзҳои “раҳмат”, “офарин”, “қанд занед” ситоишу қадрдонӣ карда мешавад. Вале дар сурати манфӣ будани натиҷаҳо онҳоро бо алфози “ҳайфи ту”, “лаънат” маҳкум менамоянд, чунончи: “лаънат бар падару модарат ва муаллиме, ки туро дарс додааст”.
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки дунёи орзую ҳавасҳои наҷиби шогирдонро рангинтар намоем. Бо лутфу меҳрубонӣ раҳ ба дилҳои покашон бурда, сазовори бовариашон бошем, то дар симои мо онҳо роҳбари мушфиқу ғамхор, дӯсти меҳрубон, бародари азиз ва такягоҳи боэътимоди худро бинанду аз мо дурӣ наҷӯянд, ҳамеша муштоқи дидори мою лафзи ширин ва дарсҳои шавқовару пурмазмунамон бошанд.
Ҷонхон ИСОЕВ,
омӯзгори Коллеҷи оташнишонӣ-техникии
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара