ХОКИ ВАТАН АЗ ЛОЛАВУ РАЙҲОН ХУШТАР

Дар дарси тарбиявии кушоде, ки бо иштироки хонандагони синфи 10 сурат гирифту омӯзгорони зиёде ҳузур доштанд, ворид шудем. Синф бо аёниятҳои зарурӣ: расми қаҳрамонони Тоҷикистон, китобҳои аллома Бобоҷон Ғафуров ҷиҳозонида шуда, дар пеши тахтаи синф ин мисраъҳо аз шеъри Ҷӯра Юсуфӣ «Ҳуҷҷати равшан» сабт шуда буданд:
Монда буд дар соҳили таърих чун санги сабур,
Обҳое дид софу ғажду шаҳдогину шӯр.
Ҳалқи халқаш буд андар ҳалқаи хасмони зӯр,
Миллати тоҷикро аллома Бобоҷон Ғафур,
Ҳуҷҷате бахшид рӯшантар зи уқёнуси нур.
Баъди ба ҷо овардани қисми ташкилии дарс роҳбари синф ба шогирдон рӯ оварда:
­Бачаҳо, мавзуи соати тарбиявии мо чист?
Хонандагон бо як овоз гуфтанд: «Рӯзгор ва осори Бобоҷон Ғафуров.»
Роҳбари синф баъди чанд нукта ҳамчун сухани ифтитоҳӣ таъкид дошт, ки донишманди забардасти тоҷик, арбоби давлатию сиёсӣ, академики Академияи илмҳои ИҶШС, Қаҳрамони Тоҷикистон, муаллифи китоби «Тоҷикон» аз накуномтарин шахсиятҳои таърихӣ маҳсуб ёфта, дар ин соат мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки шуморо бо баъзе лаҳзаҳои хотирмони зиндагии ин шахс ошно созем.
Хонанда Бузургмеҳр сухан карда, дар бораи зиндагиномаи Бобоҷон Ғафуров ва фаъолияти рӯзно манигории ӯ ҳамчун муҳаррири рӯзномаи «Қизил Тоҷикистон», мақолаҳои публитсистиаш дар газетаи «Известия» дар рӯзҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълумот дод. Гурдофарид зикр кард, ки Бобоҷон Ғафуров чанде ба касби омӯзгорӣ низ машғул буданд. Ба гуфтаи академик Баҳодур Искандаров, «Ба аудитория даромадани Бобоҷон Ғафуров барин муаллимон доимо боиси шодию сурури донишҷӯён мегашт. Хоксорӣ, донишмандӣ ва истеъдоди олии ӯро бисёр шогирдонаш имрӯз ҳам ёдоварӣ мекунанд».
Сипас 4­5 нафар хонандаи дигар суханҳои нек ва баҳои бузургтарин арбобони сиёсат, сафирон, ховаршиносони Шарқро дар бораи донишманди маъруф баён карданд.
Ровӣ хотирнишон кард, ки аз соли 1956 то охири умр зиндагии Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Масква гузашта, дар ин ҷо вазифаи директори Пажуҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои ИҶШС­ро ба уҳда доштанд.
­ Ҳоло хонанда Мунис қиссаеро барои мо ёдрас мешавад, ки аз забони хоҳари хурдии Бобоҷон Ғафуров
– Зебунисо нақл шудааст ва онро таърихшинос, профессор Усмонҷон Ғаффоров рӯйи коғаз овардааст:
Гурдофарид: ­ Соли 1975 баъди ҷарроҳии гурда духтурон таассуф хӯрда, дарди олимро бедаво меҳисобиданд. Бобоҷон Ғафуров ин пешгӯиҳои табибонро пай мебаранд ва руҳафтода нашуда, пурмаҳсул кор мекунанд. Аз байн ду солисипарӣ мешаваду 15­уми апрели соли 1977 Бобоҷон Ғафуров ба Душанбе омада, дар маҷлиси ҳисоботии Академияи илмҳои Тоҷикистон иштирок мекунанд ва рухсатиашонро дар Душанбе мегузаронанд. Дар ин давра Бобоҷон Ғафуров ба наздашон президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон М. Осимиро даъват карда, баъди ҳолпурсӣ ба ӯ муроҷиат мекунанд:
­ Муҳаммадҷон, ман аз назди Ҷаббор Расулов (котиби аввали ҳизб) омадам, аз ӯ хоҳиш кардам, ки маро ҳамин ҷо, дар ягон гӯшаи Тоҷикистон ба хок супоред.
Осимӣ бо тааҷҷуб:
­Шумо чиҳо мегӯед?
­ Гапамро набуреду нағз гӯш кунед. Ман бемориамро хуб медонам, илоҷи муолиҷа нест. Дар кадом ҳолат, ки бошам, нагузоред, ки маро аз хоки Тоҷикистон берун баранд. Шумо ҳикмати «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар»­ро хуб медонед.
Баъди чанд рӯз вазъи саломатии Бобоҷон Ғафуров бад мешавад, вазири тандурустии ҷумҳурӣ Осимиро дида, хоҳиш мекунад, ки чун шахси наздик он касро розӣ кунанд, ки ба Маскав барем. Аммо Муҳаммад Осимӣ аз рӯйи васияти устод ба қатъият ҷавоб медиҳанд, ки Бобоҷон Ғафуров аз Тоҷикистон ба ҳеҷ куҷо намераванд, агар лозим шавад, табибонро даъват кунед.
Баъди ду моҳ риштаи умри ин инсони бузург канда мешавад ва аз рӯйи васияташон эшонро аз рӯйи қоидаи мусалмонӣ ба хок месупоранд.
Нақли хонандаи дигар Шоҳин аз рӯйи навиштаҳои нависанда, шодравон Мутеулло Наҷмиддинов хеле пуртаъсиру хотирмон буд, ки дар Маскав аз забони худи Бобоҷон Ғафуров ва дар ҳузури чанд шоҳид иншо шудаанд. Дар қабулгоҳ зани тахминан панҷоҳсолае менишаст ва донист, ки ман аз роҳи дур омадаам, бе пурсиши ман ба гап сар кард:
­Агар шумо медонистед, ки устод дар муддати роҳбариаш барои институт чӣ қадар корҳои фоиданокро анҷом дод, обрӯи шарқшиносии шуравиро дар миқёси ҷаҳонӣ чӣ қадар боло бардошт ва ин соҳаи илм аз кабинетҳо берун баромада, ба талаботи замон мувофиқ гардид. Аз ин рӯ, агар илоҷу имкон мебуд, ман розиам, ҳар қадаре ки аз умрам боқӣ мондааст, ба умри ӯ зам шавад, то он ба манфиати илму маърифат сарф гардад.
Дар фарҷоми дарс роҳбари синф, ки худ омӯзгори ҷӯяндаест, тариқи хулоса қайд намуд, ки зиндагии аллома Бобоҷон Ғафуров барои ҳар яки мо дарси сабақомӯзист ва беҳуда нагуфтаанд, ки қаҳрамонон намемиранд.
Бешак, ин чеҳраи тобони илму фарҳанг ва ходими арҷманди давлатию сиёсии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун барои шукуфоии кишвар хизматҳои фаровон кардааст, вале корнамоии ӯ дар ҷодаи илму фарҳанг номи ӯро дар қатори накуномони олам абадӣ сабт намудааст.
Ҳасан СОДИҚОВ,
омӯзгори МТМУ №24-и
ноҳияи Мастчоҳ, узви ИЖТ