Чун як қисм илмҳои асосии олам равоншиносӣ, ки асосан бо номи психология маъмул аст, таърихи дерин дорад. Унсурҳои ин илм дар маъхазҳои бостонӣасарҳои мансуб ба таърихи қадим ба мушоҳида мерасанд. Пажуҳишгарон дар «Авасто», дар сарчашмаҳои деринсоли илмию динӣ ва дар осори донишмандони бузурге, чун Ибни Синою Берунӣ ақидаю таълимотеро ба мушоҳида гирифтаанд, ки ба илми равоншиносӣ дахл доранд. Ин таълимот тадриҷан барои ҳамчун илм ташаккул ёфтани равоншиносӣ (психология) замина гузоштаву асос гардидаанд. Воқеан, мавҷудияти масоили зиёдеро вобаста ба равоншиносӣ дар «Тибби руҳонӣ»и Абубакри Розӣ, «Чаҳор китоб»и Фариддадуни Аттор ва «Қобуснома»и Унсурулмаолии Кайковус низ бояд зикр кард.
Дар аҳди мо равоншиносӣ як илми мукаммалу рушдёфта буда, ба фанни таълимӣ табдил ва вобаста ба он асарҳои зиёде ва китобҳои дарсӣ таълиф ёфтаанд. Имрӯз донистани асосҳои ин фан барои мутахассисони соҳаҳои гуногун муҳим арзёбӣ мешавад. Махсусан, барои омӯзгорон, ки мунтазам ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд ва пайваста бо хонандагони зиёди дорои хислатҳои мухталиф сарукор доранд, донистани асосҳои равоншиносӣ бағоят муҳим аст.
Илми равоншиносӣ хусусиёти руҳии одамонро меомӯзад ва сохтори омӯзишӣ, пажуҳишӣ, тадқиқотӣ, қоидаҳою самтҳои муайяни худро дорад. Бо дарназардошти аҳаммияти махсусан муҳимми равоншиносӣ дар тарбияи насли наврас дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бахши кории махсус равоншинос муқаррар кар да шудааст. Равоншинос дар мактаб масъулияти зиёд ба дӯш дорад, зеро ҳамарӯза аҳли таълиму тарбия вобаста ба ҳолати руҳии шогирдон ба мушкилоти муайян бархӯрд мекунанд ва ба мададу маслиҳати равоншинос эҳтиёҷ пайдо менамоянд. Машварату маслиҳат бо ин мутахассис, махсусан, ҳангоми руҳафтодагии шогирдон, тағйири ҳолати онҳо вобаста ба муносибат ба дарсҳо, ба одамон, ҳамсинфон, ҳангоми ҳамкорӣ бо волидон, баррасии вазъи оилаҳо, ҳангоми ба садамаи маънавӣ дучор омадани наврасон ва ҳолатҳое монанди инҳо муҳим ва самаровар аст. Дар чунин мавридҳо равоншинос гиреҳкушои банди муаммоҳо хоҳад шуд.
Фаъолияти асосии равоншинос дар мактаб ба такмили таълиму тарбия ва бартараф кардани монеаҳои баамаломада дар ҳамкорӣ бо омӯзгорон, роҳбарияти дабистон ва падару модарон мебошад. Чаро хонанда чунин рафтор кард? Чаро дарсгурез шудаасту аз ҳамсинфонаш канорагирӣ мекунад? Чаро инҷиқию якравӣ содир менамояд? Чаро бо волидонаш дағалмуомила гардидааст? Чаро хастаю андешаманд ба назар мерасад? Ба ин ҳама саволҳои проблемавӣ, пеш аз ҳама, равоншинос посух дармеёбад ва баҳри рафъи тамоми ҳолатҳои номатлуб бо шогирдон ба омӯзгорону волидон маслиҳатҳо медиҳад. Вобаста ба ин, мутахассисони соҳа вазифаҳои зерини равоншиносеро муайян кардаанд: ошкор намудани сабабҳои душвориҳои гуногуне, ки дар фаъолияти таълимию тарбиявии омӯзгорон ба мушоҳида мерасанд; бартараф ва пешгирӣ кардани равандҳои номатлуб дар инкишофи руҳонӣ ва дар шахсияти хонандагон; мадад ба аҳли таълиму тарбия ва ба оилаҳо дар масоили душвори руҳӣ ва дар ҳалли зиддияту низоъҳо.
Самтҳои муҳимтарини фаъолияти равоншинос дар таълимгоҳ ба таври зерин муқаррар шудаанд: мусоидат ба тақвияти комёбиҳои хонандагон, тарғиби омоли нек ва ахлоқи ҳамида, дастгирии хонандагон дар ҳолатҳои мураккаб. Равоншинос, ҳамчунин, мунтазам ташхиси психологӣ мебарад, вазъи номатлуби руҳиявиро бартараф месозад, донишҳои равоншиносӣ (психологӣ)ро тарғиб мекунад, бо омӯзгорону волидон дар ҳар давраи муайян ва дар зарурат машваратҳо баргузор менамояд, вобаста ба хонандагони алоҳида (руҳафтода, бадахлоқ, танбал, бемор, дарсгурез…) мушоҳидаҳои махсуси равоншиносиро ба роҳ мемонад, дар шуроҳои омӯзгорон ва дар маҷлисҳои падару модарон вобаста ба масоили муҳимми равоншиносӣ маърузаҳо ироа мекунад.
Равоншинос масъулияти ҷиддӣ ба дӯш дорад ва муваффақияти ҳар як муассисаи таълимӣ аз бисёр ҷиҳат ба самараи фаъолияти ӯ вобаста мебошад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки тамоми таълимгоҳҳо бо мутахассисони равоншинос таъмин бошанд.
Қундузой МУРОДОВА,
омӯзгори мактаби №4-и
ноҳияи Айнӣ