Нашрияи Омӯзгор

Масъулияти оила бештар аст

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 17        Шарҳ: 0

 

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ соҳаи маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Мо, омӯзгорон, дар партави ҳидоятҳо ва ғамхориҳои Пешвои миллат кӯшиш менамоем, ки хонандагонро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ, ифтихори ватандорӣ тарбия намоем. Дар ин замина, бояд мактаб бо оила иртиботашро таҳким бахшад ва дар таълиму тарбияи хонандагон ҳар ду ниҳод ҳамқадаму ҳаммаром  бошанд.

Вобаста ба ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид, ки раванди кори омӯзгоронро беҳбуд бахшида, масъулияти волидонро дар тарбияи фарзандонашон бештар кард. Пас аз қабули қонуни мазкур бисёре аз падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандонашон диққати ҷиддӣ зоҳир карда, робитаашонро бо мактаб тақвият бахшиданд.

Пас аз қабули қонуни мазкур масъулон дар тамоми муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ вохӯриҳо гузаронида, ҳадафи аслии ин ташаббуси муҳимро барои аҳли ҷомеа шарҳ доданд. Тибқи қонун падару модарон уҳдадоранд, ки шароити хуби таҳсил ва зиндагиро барои фарзандон фароҳам оранд. Ҳоло ҳам мушоҳида мешавад, ки падару модарон ин вазифаро бар дӯши омӯзгорон ва мактаб мегузоранд, ки кори ғалат аст. Мутаассифона, аксари волидон худашон муоширати хубу дурустро намедонанд, муносибати дағал доранд, пас, фарзандони онҳо дар оянда чӣ тавр тарбияи дуруст мегиранд? Падарону модаронро зарур аст, ки аввалан, худашон эҳтироми омӯзгорро ба ҷо оранд, сипас, эҳтиром намудани устодону омӯзгоронро ба ҷигаргӯшаҳояшон талқин намоянд.

Дар навбати худ омӯзгорон бояд бо волидон зуд-зуд вохӯрда, вобаста ба таълиму тарбияи дурусти фарзандон, ҷалби бачаҳо ба китобу китобхонӣ ва бурдани тарзи ҳаёти солим машварат кунанд. Ҳар як муаллими соҳибҳунар огоҳ аст, ки дастур ва роҳнамои беҳтарин барои волидон пеш аз ҳама, китобҳои арзишманди ниёгонамон мебошанд. Як нуктаро ба назар гирифтан лозим аст, ки фарзанди солеҳу бомаърифат ифтихори падару модар мебошад ва аз ин хотир, барои таълиму тарбияи ҷигарбандон бояд чизеро дареғ надорем ва аз тарбияи фарзанд канораҷӯӣ нанамоем.

Ҳуснигул Назаршоева,

омӯзгори мактаби №61-и

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш