Нашрияи Омӯзгор

Ифтитоҳи коллеҷи тиббӣ дар шаҳри Бохтар

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 29        Шарҳ: 0

 

22 сентябри соли 2020 зимни сафари корӣ дар шаҳри Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Ҷумъабой Ҷалилов Муассисаи ғайридавлатии таълимии коллеҷи тиббиро ифтитоҳ бахшиданд.

Муассисаи мазкур дар заминаи Маркази ташхисӣ-табобатии “Даво” сохта шуда, аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббӣ ва бинои нави Маркази ташхисӣ-табобатии “Даво” аз тарафи соҳибкори ватандӯсту ободкор Амрулло Асадулло дар масоҳати 2 гектар бунёд гардида, дорои беҳтарин шароити таълимию табобатӣ аст. Иншоот аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 600 нафар донишҷӯ дар як баст бунёд гардидааст.

Ба Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин муассисаи навбунёди таълимӣ факултаҳои кори момодоягӣ, кори табобатӣ, кори фарматсевтӣ ва кори табобати дандон амал мекунад ва аз рӯйи 9 ихтисос мутахассис омода карда мешавад.

Бино дорои 27 синфхона, 10 утоқи корӣ, китобхонаҳои анъанавӣ ва электронӣ бо фарогирии 7 ҳазор адабиёти тахассусӣ, фаннӣ ва бадеӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, толор ва майдони варзишии тобистонаю зимистона буда, озмоишгоҳҳои биологӣ, кимиёвӣ, физикӣ ва анатомӣ бо тамоми таҷҳизоти аёниву ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Зимни боздид аз синфхонаҳои фаннии муассиса Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишҷӯёнро ба илмомӯзӣ ҳидоят намуда, таъкид доштанд, ки бо истифода аз шароиту имконоти хуби муҳайёгардида илмҳои муосирро аз худ намоянд.

Таҳсил дар Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ”-и шаҳри Бохтар бо низоми кредитӣ ба роҳ монда шуда, дар он 70 нафар омӯзгор ва номзади илм ба донишҷӯён дарс мегӯянд.

Бинои муассиса бо таҷҳизоти коммуникатсионӣ ва технологияи иттилоотӣ муҷаҳҳаз буда, бо хати интернет пайваст мебошад. Дар дохил ва беруни муассиса дар маҷмӯъ 90 адад камераи назоратӣ насб карда шудааст.

Барои волидайн имкон фароҳам оварда шудааст, ки рафти баргузории дарсҳо ва давомоти фарзандони худро ба воситаи камераҳои сабти видеоию овозӣ тариқи онлайн назорат намоянд.

Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити кории табибон ва имконоти ташхисию табобатии муассиса, ба масъулин дастур доданд, ки баҳри солимии ҷомеа ва таъмини тандурустии сокинони маркази вилоят ба мардум хизмати софдилона намоянд.

Иброз гардид, ки дар Марказ ҳуҷраҳои гиёҳдармонӣ, барқдармонӣ, сабти барқии дил, дандондармонӣ, озмоишгоҳҳои клиникиву биокимиёвӣ ва иммуноферментӣ, инчунин, ҳуҷраҳои рентгении рақамӣ ва ортопантомография фаъолият мекунанд, ки ҳамаи таҷҳизот аз давлатҳои Корея, Хитой, Туркия, Олмон, Амрико ва Россия дастрас шудаанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда ва муҳайё гардидани шароити арзандаи таълимию табобатӣ дар муассисаи мазкур баҳои баланд дода, ба фаъолияти минбаъдаи омӯзгорону табибон комёбӣ орзу намуданд.

Ҳамчунин, Сарвари давлат ба кормандони ин муассисаи ташхисӣ-табобатӣ 3 адад автомашинаи нави ёрии таъҷилии тиббӣ туҳфа карда, табибонро барои ба аҳолӣ дар сатҳи баланд хизмат расонидан ҳидоят намуданд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш