Нашрияи Омӯзгор

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 19        Шарҳ: 0

 

Интихоби касб барои наврасону ҷавонон масъалаи муҳиму ҳаётӣ буда, бояд ҳадафмандона, бо таҳқиқу тааммул сурат бигирад.

Дар ин самт омӯзгорони пуртаҷриба бояд роҳнамову маслиҳатгари шогирдонашон бошанд ва ба онҳо дар бораи касбҳои гуногун маълумоти мушаххас ва муфид диҳанд. Раванди интихоби касб мураккабу тӯлонӣ  мебошад ва он чунин марҳалаҳоро дар бар мегирад:

1. Маълумотдиҳии касбӣ, ахбори касбӣ, ташвиқоти касбӣ, тарғиботи касбӣ: ҷиҳати пайдо кардани шавқ ва қобилияти шахсият ба ин ё он касб равона карда шудааст.

2.Машварати касбӣ: бо мақсади ёрии индивидуалӣ дар интихоби касб аз тарафи мутахассисон ва машваратчиёни касбӣ гузаронида мешавад.

3.Яккачинкунии касбӣ: наврасонеро, ки аз худ умеди калон медиҳанд, мутахассисони ширкатҳо-корфармоҳо пешакӣ “таги чашм” мекунанд.

4.Одаткунии иҷтимоии касбӣ: дар устохонаҳои таълимӣ, иттиҳодияҳои меҳнатии хонандагон ва ғайра ба амал меояд.

5.Тарбияи касбӣ: бо мақсади ташаккули сифатҳои зарурии касбӣ дар байни хонандагон гузаронида мешавад.

Раванди интихоби касб бе “профессиограмма”-и  касбҳои гуногун номумкин аст. “Профессиограмма” аз калимаҳои лотинии «professio»-“касб” ва “gramma” – “сабт кардан” гирифта шуда, системаи аломатҳои тавсифкунандаи касби муайян, инчунин, рӯйхати меъёр ва талабот барои кормандро аз рӯи касб ё ихтисос дар бар мегирад. “Профессиография”   яке аз соҳаҳои асосии “профессиология”  ба ҳисоб меравад, ки фаъолияти касбии одамонро меомӯзад. “Профессиология” назарияи илмӣ дар бораи фаъолияти касбӣ ва касбият буда, бо “креалогия” зич алоқаманд аст ва қонунҳо ва шакли ташаккули қобилиятҳои эҷодиро меомӯзад. “Профессиография” технологияи омӯзиши талаботи касб ба хусусиятҳои шахсии корманд (номзад ба мансаб), қобилияти психологӣ, қобилияти ҷисмонӣ ва ғайраро мефаҳмонад. “Профессиография” ба таҳияи маълумот, ташхиси онҳо, дастурҳои таълимию ташаккулӣ ва тавсияҳои амалӣ оид ба таъмини мукотибаи мутақобилаи шахс ва касб мусоидат мекунад.

Омода кардани кадрҳои коргарӣ масъалаи муҳим буда, заминаи он аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гузошта мешавад. Баробари тараққиёти босуръати илму техника, иқтисоди бозаргонӣ ва талаботи бозори кор теъдоди касбҳо рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст. Бояд ҳар як инсон касбу ҳунареро интихоб намуда, барои пешбурди зиндагию рӯзгори худ аз он баҳра гирад. Ҳам худаш манфиат бинад ва ҳам ба ҷомеа манфиат расонад. 

Нигора Мамадҷонова,

омӯзгори мактаби №33-и

шаҳри Конибодом


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш