Нашрияи Омӯзгор

Перояи шеър

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 69        Шарҳ: 0

 

Дар ашъори Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ - устод Гулназар Келдӣ санъатҳои бадеии лафзию маънавӣ бо камоли маҳорат ба кор бурда шудаанд.

Истиора санъатест, ки ҳангоми мутолиаи шеъри шоир бо он зиёд вомехӯрем. Ӯ аз истиораҳои маъмулу забонзада канорагирӣ мекунад ва истиорае меҷӯяд, ки тозаву обнорасида бошад:

Ту маро ёд макун,

Қиссаи ишқи фурӯмондаи моро зи нав эҷод макун.

Ҳаҷри мо баски гарон буд,

Гӯши эҳсоси маро низ гарон кард,

Ба забон номи маро н - овару фарёд макун…

Истиораҳои пуртаровати ин шеър (як порааш иқтибос шуд) «гӯши эҳсос», «мурғаки ишқ», «баҳорони муҳаббат», «хирмани гул», «лаҳзаи қудсӣ», «ҷодаи умед», «зиндони фиғон», «нолаи дард» ва «хоки барбод» ба забони шеър тозагӣ эҳдо кардаанд ва муҷиби пайдоиши тасвирҳои шоирона шудаанд.

Дар ташбеҳсозӣ низ шоир таҷрибаи зиёд дорад. Аз ташбеҳҳои тозаи ӯ мисоле меорем:

Зани танҳо ба чашми ман намояд,

Дарахти тоқа дар шоми биёбон.

Гулназар табиатан шоири ҳассос аст, аммо ҳиссиёти худро аксаран бо андешаҳояш ифода мекунад. Ин пайванд ашъори ӯро неруманду муассир мегардонад:

Ҳар гаҳе бинам азоби насли одамро фарочанги

ғаму ҳасрат,

Бо алам пурсам:

«Чаро, эй Ҳазрати Одам, чунин бебок берун омадӣ

аз оғӯши ҷаннат?!”

Санъатҳои бадеии киноя ва таъриз низ забони шеъри Гулназарро муассиртар кардаанд. Кинояву таъризҳои Гулназар аз вуқӯъгӯиҳои ӯ сарчашма мегирад. Дар ин ҳолат забони шеъраш тундутез мешавад:

Гар шумо дар қасрҳои  пуршукӯҳи худ ватан доред,

Мову ман ҳам дар ғамободи хароби синаҳои худ

ВАТАН дорем.

Кинояву таъризҳои Гулназар бештар тобишҳои иҷтимоӣ доранд. Имрӯз арчаҳои бесоя-киноя аз одамони бешарофату бешафоат ва дорои суратҳои бесират, торафт афзуда истодаанд. Инчунин, баъзе аз «шоирон» девону куллиёти ғафси худро, ки дар таркибашон байти солиме надорад, ба нашр мерасонанд:

Дар Душанбе арчаи бесояе бинам, чанор ояд ба ёд,

Ҳарзадевоне бубинам, Лоиқи эъҷозкор ояд ба ёд.

Муъҷазбаёнии Гулназар ба андозаест, ки метавонад шеъре сафед дар як мисраъ низ биёфарад ва санъати мутаноқизро ба кор гирифта, маънии васеъро дар ин зарфи ниҳоят танг ғунҷонад. Ин вижагӣ дар шеъри дигар шоирон ба чашм намерасад:

Тиҳигоҳи кафи дасти гадо аз гушнагӣ пур буд!

Муболиға дар шеъри Гулназар гоҳе барои барҷастатар шудани шеърият хидмат мекунад. Таърифи муболиға чунин аст: «Гоҳе нависанда дар тасвир ва ситоиши чизе аз ҳадди табиӣ ва аслӣ мебарояд, онро калонтар ва ё хурдтар карда нишон медиҳад». Чунин ҳолатро дар ин шеъри семисраии Гулназар метавон мушоҳида намуд:

Он қадар дилсияҳӣ,

Ки дами реҳлати ту аз дунё

Мешавад рӯи кафан аз ту сиё.

Санъати тазод таъсири шеъри Гулназарро ба андозаи ҳангуфт афзудааст. Шоир барои тақвияти мантиқи сухан ва муҳтавои шеър аз ин воситаи тасвир истифода мебарад. Баъзан тазодҳои шеъраш бо маҷоз гиреҳ мехӯранд:

Мо каҷ бинишаста рост гуфтем,

Ту рост нишаста каҷ бигӯӣ.

Тамсил ё ирсоли масал забони шеъри Гулназарро ғанӣ гардондааст. Тавре медонем, онҳо аз зиндагии иҷтимоии мо сарчашма мегиранд. Масалан, дар миёни мардуми мо мақоли «То шамол набошад, барги дарахт намеҷунбад» машҳур аст. Ҳамин мақолро шоир дар шеъри хурде чунин истифода бурдааст:

Бе шамол асло наҷунбад шоху барге гуфтаанд,

Нокасе ҷунбонад аммо шоху баргамро мудом.

 

Мавлуда РАСУЛОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №39-и ноҳияи Варзоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш