Нашрияи Омӯзгор

Сирати зебо хуш аст

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 86        Шарҳ: 0

 

Ҳангоми баргузории машғулиятҳо аз фанҳои таълимӣ омӯзгорон бояд ба ҷанбаҳои тарбиявию ахлоқӣ ва такомули  эҳсоси зебоипарастию маърифатии мавзӯъҳо диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Ин омил, бахусус, дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик моҳияти баландро доро буда, баҳри рушду таҳаввули шахсияти хонанда ва ҷаҳони маънавии ӯ аҳамияти бузург дорад. Мусаллам аст, ки тамоми ашъори эҷоднамудаи шоирони классики форсу тоҷик саршор аз андешаҳои ахлоқӣ буда, дар рубоию ғазал, қитъаю маснавӣ ва амсоли инҳо шоирон хислатҳои неку писандидаи инсонӣ, аз ду қабили накукорию саховатмандӣ, ростгӯию ростқавлӣ, инсондӯстию марҳами дарди ҳамдигар будан, парҳез намудан аз ҳасудию бахилӣ, дурӯғу каҷрафторӣ, суханчинию хабаркаширо таъкид кардаанд. Таври мисол,   Низомии Ганҷавӣ дар мазаммати дурӯғ мефармояд:

Дурӯғ одамиро кунад бевиқор,

Дурӯғ одамиро кунад шармсор.

Ба тасдиқи бузургони илму адаб, ҷавҳари аслии бақои одамиятро хираду дониш ва сирати зебои ӯ ташкил медиҳад. Таҷаммулу ороишоти зоҳирӣ, зару зевар, ҳавобаландию мағрурӣ ба ҳеҷ ваҷҳ камолу нубуғи маънавии инсонҳо набуда, балки аз пучии фаҳмишу дарки эшон дарак медиҳад.

Аз ҳамин хотир, Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар танқиди ин гуна инсонҳо ба маврид таъкид кардааст:

Равандагони тариқат ба ними ҷав

нахаранд

қабои атласи он кас, ки аз ҳунар

орист.

Дар ҳама давру замонҳо инсонҳои покзамиру шоиста аз кирдору амалҳои бад худро дур гирифта, саъйю талош варзидаанд, ки накукорию хайрхохӣ ва саховатмандию ҳимматбаландӣ ба дигарон кумак кунанд.

Воқеан, инсони некманишу хайрхоҳ дар ҳама гуна лаҳзаҳои зиндагӣ аз балову офат ва хатарҳои ногаҳонӣ эмин буда, роҳат умр ба сар мебарад. Ба ҳамин хислатҳои неки инсонӣ ишора карда, шоири маорифпарвар Тошхоҷа Асирӣ ишорат мекунад:

Одамият  чист? Худро дур аз шар(р)

доштан,

Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар

доштан,

Мутакаббирӣ, худписандию мағ-рурӣ низ аз афъоли баду нохушоянд буда, оқибат ин гуна инсонҳоро ба варта мувоҷеҳ месозад, ки оқибаташ пушаймонист.

Хоксорию фурутанӣ аз хислатҳои неки ҷавонмардӣ буда, инсон маҳз ба василаи ҳамин хисолу атвор дар байни мардум соҳибобрӯву нуфузманд мегардад. Ҷалолуддини  Балхӣ мегӯяд:

Хоксоронро ба санги кам намебояд

задан,

Хонаи мӯре ба меҳмонӣ Сулаймон

омада.

Ҳамин мазмуну ғоя дар адабиёти муосири тоҷик идома ёфта, шоирони нозукбину рангинхаёл дар сифати инсони комил ашъори ҷолибу хонданӣ эҷод кардаанд.

Малоҳат Валиева,

омӯзгори мактаби №89,

ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш