Нашрияи Омӯзгор

Шиносоӣ бо иншооти ҷашнӣ

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 74        Шарҳ: 0

 

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар идомаи сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо вазъи сохтмони иншооти ҷашнӣ шинос шуда, бо масъулин ва сохтмончиён суҳбат орост. Дар маркази шаҳраки ба номи Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 идома ёфта истодааст. 

Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳр аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 26 миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои 640 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Дар марҳилаи аввал барои иҷрои корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Дар мулоқот қайд гардид, ки дар давоми ду соли охир аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон се майдончаи муосири варзишӣ дар ҳудуди вилоят мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Соли равон тасмим гирифта шудааст, ки боз ду майдончаи дигар бо дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ бунёд хоҳад шуд.

 

24 таълимгоҳ аз аттестатсия гузаштанд

Ба иттилои муовини сардори раёсати маорифи ВМКБ Алигавҳар Алигавҳаров, дар вилоят 312 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият  карда, аз онҳо 65 -тояш муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 42 адад муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 205 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумианд. Дар онҳо 38123 нафар хонанда таҳсил намуда, ба онҳо 5649 нафар омӯзгор дарс медиҳанд.

26 нафар хонанда гирандаи стипендияи Президентӣ ва 10 нафар стипендияи раиси вилоят мебошанд.

Ҷамъбасти мониторинги муассисаҳои таълимии вилоят дар нимсолаи аввали соли 2020 нишон дод, ки сатҳу сифати дониши хонандагон 48,1 % ва азхудкунӣ 91%-ро ташкил медиҳад. Дар шашмоҳаи соли 2020 аз тарафи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо 24 муассисаи таълимӣ аз аттестатсия ва 9 муассисаи таълимӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронида шуданд.

Дар соли таҳсили 2019 – 2020 аз 2701 нафар хатмкунандаи таълимгоҳҳои вилоят 2275 нафар аз қайди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанд, ки ин дар маҷмӯъ, 84,2 фоизро ташкил медиҳад.

 

Ҷ.Қозибеков,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш