Нашрияи Омӯзгор

Таҳсилоти фосилавӣ - омили пешрафти литсей

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 85        Шарҳ: 0

 

Бо пешрафту инкишофи илму техника дар ҳамаи соҳаҳо дигаргуниҳои куллӣ, аз ҷумла, дар раванди таълиму тарбия ва низоми таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ ба амал омада, аз технологияи иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Омӯзиши фосилавӣ бо истифодаи шабакаи Интернет амалӣ гардида, потенсиали веб - технологияҳо диққати омӯзгорони тамоми ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст, зеро васоити технологии мазкур захираҳои таълимиро, ки дар тамоми ҷаҳон мавҷуд аст, мутамарказ менамояд.

Муассисаи давлатии “Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ” дар шаҳри Душанбе барои ба таври фарогир омӯзонидани дарсҳо пайваста заминаҳои моддию техникии хешро такмил мебахшад. Соли 2018 литсей сомонаи хешро бо номи eco.tj бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) таъсис дод, ки дар он перомуни фаъолияти литсей маълумоти заруриву муҳим пешниҳод карда мешавад. Шоистаи таъкид аст, ки литсейи мазкур яке аз аввалин муассисаҳои таълимии зинаи таҳсилоти миёнаи умумист, ки дар давраи бисёр муҳим – пандемияи ҳамагири коронавирус (COVID-19) тавассути таҳсилоти фосилавӣ хонандагони литсейро ба таҳсил фаро гирифт, ки аз дастовардҳои бузурги ин муассиса аст. Вобаста ба чӣ гуна амалӣ намудани низоми таҳсилоти фосилавӣ бо муовини аввали литсейи мазкур Шарофат Ҷамолова ҳамсуҳбат гардидем.

Мавсуф иброз дошт, ки аз соли 2018 дар литсей системаи LMS (системаи электронии идоракунии раванди таълим) фаъолият мекунад, ки тавассути он ҳар як хонанда кабинети инфиродии худро дорад ва метавонад ба он ворид гашта, тамоми  маводи таълимӣ, маълумоти зарурӣ, натиҷаи санҷиши умумӣ, аз ҷумла, баҳои давриву чорякҳои худро тариқи онлайн (on-line) дастрас намояд. Илова ба ин, омӯзгорон метавонанд тавассути системаи LMS барои хонандагон вазифаи хонагиву иловагӣ ва  тестҳои онлайнӣ тартиб дода, муҳлат ва тарзи иҷрои онро, ки муҳим аст, назорат кунанд. Волидайн тавассути телефонҳои дастӣ ба кабинети инфиродии фарзандонашон ворид шуда, доир ба таҳсил ва иштироки онҳо дар дарсҳо маълумоти муфассал дастрас менамоянд. Истифодаи технологияҳои нав - компютер ва Интернет ба омӯзиши судманду муассири таҳсилоти фосилавӣ ҳаматарафа мусоидат мекунад. Гуфтугӯ ва алоқаи мустақим бо хонанда дар дилхоҳ ҳолат таъмин мешавад. Интернети босуръат имконият медиҳад, ки мустақиман семинарҳои омӯзишӣ роҳандозӣ карда шавад. Таҳсилоти фосилавӣ яке аз шаклҳои нисбатан пешқадами таълим дар шароити муосир мебошад. Дар асноди меъёрию ҳуқуқӣ таҳсилоти фосилавӣ ба маънии ташкил ва гузаронидани корҳои таълимӣ бо истифодаи технологияи муосири иттилоотию иртиботие, ки дар фосилаи муайян татбиқ намудани раванди таълимро имконпазир мегардонад, тавсиф шудааст. Бояд гуфт, ки  ҳадафи таълими фосилавӣ қонеъ намудани талаботи хонандагон бо фаро гирифтани барномаи таълимӣ мебошад.

Дар ин низоми таҳсил омӯзгор уҳдадор аст, ки мавзӯъҳои дарсӣ, саволномаҳои тестӣ ва  имтиҳонотро дар шаклҳои гуногун барои ҳар як хонанда  дар сомона ҷой намуда, ҳамзамон, аз дохили бонки мавзӯъҳои дарсӣ  саволномаи санҷишиву имтиҳонӣ омода кунад. Хонандагон уҳдадоранд, ки мавзӯъҳову  санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонотро сари вақт супоранд.

- Хуб медонем, ки бо сабаби пайдоиши бемории сироятии ҳамагири коронавирус (COVID-19) дар ҷумҳурӣ Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз коронавирус (COVID-19) таъсис дода шуд ва бо қарори ситоди мазкур муассисаҳои таълимӣ ба таътили муваққатӣ фиристода шуданд. Барои аз низоми таълим берун намондани хонандагон, аз 27-уми апрел то 13-уми июн дар сомонаи литсей дарсҳои фосилавӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин миён масъулияти омӯзгорон низ зиёд гардид. Онҳо дарсҳои боқимондаро (моҳҳои май-июнро) дар шакли слайд, видео, тестҳои санҷишӣ аз фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ омода намуда, дар сомонаи литсей гузоштанд ва хонандагон аз дарсҳои омоданамудаи омӯзгорон дар шаклҳои зикршуда ба таври фарогир истифода бурданд, - гуфт Ш. Ҷамолова. – Дар баробари роҳандозии дарсҳои фосилавӣ, омӯзгорони муассиса инчунин, дарсҳои онлайниро низ бо олимпиадачиёни литсей ба роҳ монданд. Дарсҳои мазкур тавассути барномаи Zoom амалӣ мешавад. Дар ин самт муовини директор оид ба олимпиада Ҷовидон Атоев хидмати арзанда кард ва сомонаи литсейро ба ин низом мувофиқ намуд.

Дар давраи бисёр муҳим бо дастгирии директори литсей Ҳокимҷон Абдуназаров тамоми шароит барои омӯзгорон фароҳам оварда шуд ва бо мақсади самаранок ташкил намудани дарсҳо чор семинари омӯзишӣ оид ба истифодаи технологияи таҳсилоти фосилавӣ баргузор гардид.  Дар семинарҳои зикршуда масъалаҳои ташкил ва омӯзонидани низоми таҳсил бо истифода аз технологияи таҳсилоти фосилавӣ мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифт. Зимни баргузории семинарҳо бо мақсади табодули иттилоот байни хонандагону омӯзгорон, хонандагон ва роҳбарияти литсей, хонандагон ва роҳбари синф ва дигар масъулин омӯзиш ва шарҳи технологияи таҳсилоти фосилавӣ ба роҳ монда шуд. Дар оғоз омӯзгорону хонандагон  бо тартиби ташкил ва гузаронидани машғулиятҳо, дарсҳо, саволномаҳои тестӣ қабули имтиҳонҳои фосилавӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба низоми таҳсилоти фосилавӣ шинос гардиданд.

Дар ин низом почтаи электронӣ нақши муҳиму ҳалкунанда дорад ва дар сомонаи литсей омӯзгорону хонандагони литсей дорои кабинети  инфиродӣ мебошанд. Баъди гузаштани мавзӯъҳои дарсӣ тавассути саволномаҳои тестӣ, дониши хонандагон санҷидаву муайян карда мешавад, ки то чӣ андоза онҳо мавзӯи дарсиро аз худ кардаанд. Бояд хотирнишон кард, ки дар литсей аз тамоми гӯшаву канори мамлакат муҳассилин таҳсил мекунанд. Мавзӯъҳои дарсӣ тавассути почтаи электронӣ ва кабинети инфиродӣ ба ҳар як хонанда фиристонида мешавад, вале на ҳамаи хонандагон имкони сари вақт дастрас намудани мавзӯъҳои дарсиро доранд. Барои ин вақти зиёд дода мешавад, то хонандагон дарсро фаро гиранд.

Ба таъкиди мавсуф, омӯзгор вобаста ба ҳар як мавзӯи дарсӣ саволномаҳоро омода ва баъди гузаштани дарс тавассути низоми фосилавӣ пешниҳод мекунад. Ин имкон медиҳад, ки омӯзгор муайян намояд, ки чӣ гуна хонандагон дарсро азбар кардаанд. Дар иҷрои саволномаҳои санҷишиву имтиҳонӣ дар ин раванд вақти зиёд  ҷудо карда шудааст. Дар низоми фосилавӣ интернети босуръат низ муҳим аст,  ки ин ҳолат на дар ҳар гӯшаву канори мамлакат имконпазир аст.

Мусаллам аст, ки таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар самти низоми таҳсилоти фосилавӣ қадамҳои аввалин аст, аз ин рӯ, дар ин раванд мушкилоти зиёде мавҷуд аст ва на ҳамаи хонандагону омӯзгорон дар аввал онро истифода карда тавонистанд.

Бо вуҷуди ин ҳама, хонандагон низоми таҳсилоти фосилавиро хуш пазируфтанд. Онҳо дар баробари омӯхтани дарс, инчунин, имкони савол додан бо омӯзгорро доранд ва аз муҳтавои навиштаҳои хонандагон бармеояд, ки барномаҳои дарсиро азхуд кардаанд.

Ш. Ҷамолова зикр намуд, ки низоми мазкур бартариятҳои зиёд дорад. Омӯзгор дар дарсҳои маъмулӣ  шояд ба баъзе паҳлуҳои он  эътибор намедиҳад. Дар ин низом вай имкони ба ҳар як хонанда ба таври алоҳида суҳбат ва ба таври фарогир омӯзонидани дарсро дорад, омӯзгор маҷбур аст, ки масъулияти бештарро эҳсос кунад, китобҳои зиёдро мутолиа намояд, то дарси пурмуҳтавои муассирро дар шакли видеоролик ё слайд пешкаши хонандагон намояд. Ин омил омӯзгоронро водор намуд, ки бештар омӯзанд, бо  технологияи муосир кор карда тавонанд ва тарзи фаъолият намудан бо шабакаҳои иҷтимоиро азхуд кунанд.

Дар ин низом хонандагон дарсро дар шакли слайд ва ё видеоролик азхуд мекунанд ва имкони такрор ба такрор омӯхтани дарсро доранд ва дар поёни он саволи хешро ба шакли хаттӣ пешниҳод мекунанд. Хурсандибахш аст,  хонандагоне, ки дар раванди таълим фаъол набуданд, дар ин низом фаъолияти хуб нишон дода, ҷасурона саволҳояшонро пешниҳод карданд.

Дар ин давра маъмурияти литсей тарзи тайёр кардани дарс, шеваҳои муносибат бо хонанда, истифодаи дурусти техника ва дар масъалаи аз ҷиҳати психологиву методӣ ба машғулиятҳо омода будани омӯзгорон ба онҳо кумак намуданд. Дастурҳои зарурӣ барои омӯзиш таҳия ва дастраси омӯзгорон гардонида шуданд.

Тибқи нақшаи муассиса санҷиши умумии 4-ум ба таври фосилавӣ гузаронида шуд. Дар санҷиш беш аз 83% хонандагон иштирок карданд, ки хурсандибахш мебошад. Дар СУ-4 саволҳо фарогири мавзӯъҳои дарсӣ буда, рӯйхати хонандагони фаъоли литсей, ки дар СУ-4 балли (холи) баландро соҳиб шудаанд, баъд аз анҷоми имтиҳон дар сомона гузошта шуд.

Маъмурияти литсей, ҳамзамон, талош меварзад, ки омӯзгорон машғулиятҳоро дар  ҳамаи синфҳо дар шакли слайд ё видеоролик омода намоянд ва дар ҳолати зарурӣ аз он истифода баранд.

Таҳсилоти фосилавӣ дар сомонаи литсей тавре ташкил буд, ки ба ҳаракату амали хонанда ба таври мустақим баҳогузорӣ карда мешавад, яъне бо ҳал намудани саволу масъалаҳои пешниҳоднамудаи омӯзгор ва муваффақиятҳои бадастовардаи  хонанда ҳамон замон дар монитор эълон мегардад. Дар баробари ин, омӯзгор муайян карда метавонад, ки кадом хонанда кай ворид шуда, мавзӯъҳои таълимиро омӯхтаву чӣ саволҳоро пешниҳод кардааст. Ҳамаи натиҷаву дастовардҳои хонанда дар маъхази ҳуҷҷатҳои электронии сомона  ҳифз карда мешавад. Дар ҳолати зарурӣ омӯзгор, роҳбари синф ё маъмурият метавонанд натиҷаи фаъолияти хонандаро нусхабардорӣ намуда, дар шаклҳои excel, pdf, word пешниҳод кунанд.

Воқеан ҳам, маъмурият ва устодону омӯзгорони литсей дар ин ҷода корҳои зиёди судмандро ба сомон расонидаанд. Ба таъкиди Ш. Ҷамолова, дар ин давра дар сомонаи литсей мавзӯъҳои дарсӣ дар шакли видео ва саволҳои тестӣ пешниҳод карда шуд. Вақте хонанда вориди кабинет мегардад, вазифаи хонагӣ ва ё мавзӯе, ки омӯзгор додааст, тавассути почтаи электронӣ ба ӯ хабар дода мешавад. Хонанда  мавзӯъро меомӯзад, ҷойи нафаҳмидаашро саволгузорӣ мекунад, омӯзгор ба саволҳои ӯ ва ҷойҳои нафаҳмидааш посух медиҳад. Инчунин, вобаста ба мавзӯъ саволномаҳои тестӣ пешниҳод карда мешавад ва омӯзгор зуд муайян мекунад, ки кадом хонанда чӣ тавр дарсро фаро гирифтааст. Дар видеоҳои кӯтоҳ омӯзгор дарсро ба хонанда мухтасар мефаҳмонад, ки он дар сомонои марказ ҷой дода шудааст.  Бояд гуфт, ки шаклҳои видеоии дарсҳо низ дар раванди тадрис дорои аҳамияти баланд ва муфид мебошанд. Таҳлилу натиҷаҳо нишон доданд, ки бо ин тарзи фаъолият хонандагоне, ки дар дарс фаъол набуданд, пайваста савол менавиштанд ва фаъолияти хуб нишон медоданд. Чунин роҳандозии таълим хонандагонро ба омӯзиш ва азхуд намудани барномаҳои таълимӣ низ водор мекунад.

Ҳамчунин, дар низоми таҳсилоти фосилавӣ вақти муайян мавҷуд нест, хонанда дар дилхоҳ вақт метавонад вориди кабинети инфиродӣ  гардад ва дарсро омӯзад. Омӯзгор низ метавонад ба хонандагон дарсро дар шакли PDF, видеоролик ё powerpouint пешниҳод кунад.

Бояд гуфт, ки яке аз муваффақиятҳои омӯзгорони литсей истифодаи босамари онҳо аз васоити техникӣ маҳсуб меёбад. Ба таври умум, дар татбиқи таҳсилоти фосилавӣ литсей ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ин рӯ, минбаъд низ аҳли кормандони литсей кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар самти LMS (системаи электронии идоракунии раванди таълим) фаъолияти худро густариш бахшида, пайваста онро такмил диҳанд, - қайд кард муовини аввали литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе Шарофат ҷамолова.

Насриддин ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш