Нашрияи Омӯзгор

Дар муҳити аҳли адаб

Сана: 2020-07-09        Дида шуд: 70        Шарҳ: 0

 

Нависандаи маъруф ва забардасти Колумбия, барандаи Ҷоизаи Нобел, муаллифи ҳикоёту қисса ва романҳои пурмуҳтавою дилпазир, ки бар асоси ривоёту устура, қиссаҳои динии китобӣ ва ғояҳои фалсафӣ таълиф гардидаанд, Габриэл Гарсиа Маркес, ба таъкиди худаш, осорашро бо азобу заҳматҳои зиёд ва шабзиндадориҳо, дар фосилаҳои тӯлонии вақту замон эҷод кардааст. Аз ҷумла, романи овозадораш, ки ба нависанда шуҳрати ҷаҳонӣ овардааст – «Сад соли танҳоӣ»-ро дар муддати 17 моҳ иншо намудааст. Аҷиб он аст, ки ҳангоми ба таълифи роман оғоз намудан ба Маркес муяссар нагардидааст, ки ба зудӣ ҷумлаи нахустро рӯйи сафҳа орад. Вай аз субҳ то шом ба ин хотир дар 500 варақи сафед ҷумлаи аввали романро навишта, ба сабаби мақбул наомаданаш даронда партофтааст. Танҳо баъди ин, ба ӯ даст додааст, ки ҷумлаи нахустини романашро рӯйи сафҳа оварад.

***

Физики машҳури фаронсавӣ, муаллифи назарияи нисбият Алберт Эйнштейн дорои хотираи қавӣ ниҳоят дақиқкору сермутолиа будааст. Нозукбинию дақиқсанҷии ӯ то ҳадде буда, ки ҳангоми мутолиаи романи машҳури Фёдор Достоевский – «Ҷиноят ва ҷазо» камбудии мантиқии асарро дарёфт намуда, навиштааст: «Дар бобе аз роман нависанда дар як рӯз ду маротиба тулӯъ намудани офтобро тасвир кардааст. Ҳол он ки офтоб дар як рӯз як маротиба тулӯъ мекунад».

***

Дар замоне, ки нависандаи нозукбаёну нобиғаи рус Антон Павлович Чехов зиндагӣ ва эҷод мекард, нависанда, адабиётшинос ва ношир Лейкин низ даъвои новелланависӣ дошт. Аҷобат дар он буд, ки бо вуҷуди ҳикояту қиссаҳои пурмуҳтавои ҳаётӣ навиштан, тӯли 25 сол бо ҳар роҳу восита мунаққидон ба навиштаҳои Чехов дарафтода, ба кори эҷодии ӯ халал мерасонданд. Ва ба қавли худи нависанда, дар давраи ҳаёташ вай шуҳрат пайдо накард ва аз ин хеле ошуфта буд. Баръакси вай, Лейкин ба шаҳодати адабиётшиносон, тақрибан 10000 новелла навиштаю гули сари сабади маҳфилу ҷамъомадҳо маҳсуб меёфтааст. Аммо бо гузашти асрҳо ҳаёт нишон дод, ки танҳо адиби соҳибистеъдод ва осори баландғояи ӯ дар саҳифаҳои адабиёт боқӣ мемонанд. Солҳои тӯлонист, ки касе аз Лейкину новеллаҳояш ёд ҳам намеорад, аммо Чехов нобиғаи замон шинохта шуда, осораш такрор ба такрор чоп мешавад.

 

Ш. Суҳайл


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш