Нашрияи Омӯзгор

Саразм дар меҳвари омӯзиш

Сана: 2020-06-18        Дида шуд: 179        Шарҳ: 0

 

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразм ҳамчун маркази ташаккули кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон “Мамнуъгоҳи таърихиву бостонии Саразм” эълон гардидааст. Зиёда аз 42 сол боз ковишҳои археологӣ, таърихӣ дар хоки Саразми бостонӣ идома дорад ва дар ҳар як ҳафриёт пажӯҳишгарон бозёфтҳои нав ба нав ба даст оварда, аз куҳанбунёд будани решаи таърихии тоҷикон ва умуман, ориёиҳо дарак медиҳанд.

Дар кофтуковҳои Саразм хизматҳои арзандаи Абдуллоҷон Исоқов, пажӯҳишгарони Фаронса, Амрико ва чандин олими ватанӣ калон буда, баъдан, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кормандони Институти таърих,бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии тадқиқоти миллии тадқиқоти илмии Фаронса санад дар бораи ёдгории Саразм дар тамаддуни умумибашариро ба ЮНЕСКО пешниҳод намуданд. Ковишҳо дар бораи тарзи зиндагӣ ва расму оинҳои саразмиёни қадим, рӯшан намудани асрори шаҳрдорию шаҳрсозӣ, заминдорию заминсозӣ ва дигар паҳлуҳои кишоварзии асри биринҷ маълумоти саҳеҳ дода тавонистанд.

Дар яке аз ҳафриёт соли 1974 дар чуқурии 3 метр ҷасади Маликаи Саразм ёфт шуд, ки ба таври ҳалқашакл, тавре ки тифл аз модар таваллуд мешавад, гӯронида шудааст. Дар банди дасташ зару зевари зиёд дошт. Дар атрофи ҷасад зиёда аз 2000 шаддамарҷон, 49 дона муҳраи тиллоӣ, ақиқ, лоҷвард, фирӯза ва дигар сангҳои қимматбаҳо ёфт шуд. Дар яке аз ковишҳои дигар маъбади боҳашамат пайдо шуда буд, дар самти шарқии Саразм устухонпораҳои молҳои майда ёфт шудаанд. Ин маъбади ёфташуда ёздаҳум буда, ба охири ҳазорсолаи дуюми пеш аз мелод рост меояд ва пажӯҳишгарон ба он хулоса омадаанд, ки ҳанӯз 5500 сол пеш саразмиён ба қурбонӣ кардани чорво даст мезадаанд. Аз ин бозёфт хулоса баровардан мумкин аст, ки оини қурбонӣ кардани тоҷикон аз ниёгон сарчашма мегирад ва давра ба давра то ба замони мо омада расидааст. Ба қарибӣ яке аз пажӯҳишгарони муваффақи Саразм, шогирди профессор Абдуллоҷон Исҳоқов Абдурауф Раззоқов хабар дод, ки як хумдони дуқабата бо паҳноии 3 метру 15 см ёфт шуд. Мавсуф гуфт, ки саразмиён дар ин хумдонҳо хишт мепухтанд.

Шаҳри Саразм растаҳои гуногун дошт, растаи косибон, меъморон, ҳунармандон, зироаткорон ва ғайраҳо. Инчунин, аз ин шаҳр ибодатхонаю оташкадаҳо ёфт шудааст. Барои саразмиён оташ тимсоли Хуршед буд ва онҳо оташро муқаддас медоштанд ва парастиш мекарданд. Дар Саразм дар яке аз ҳафриёт чоҳи чуқури 22 - метра дарёфт карда шуд ва ин ба мо дастур медиҳад, ки онҳо аз кӯҳҳои гирду атроф бо қубурҳои дастисоз ба воситаи зери замин об меовардаанд. Дар хусуси кӯч бастани саразмиён аз ин минтақа маълумоте пайдо шудааст, ки гӯё се сол пайи ҳам дар қитъаи Осиёи Марказӣ хушксолӣ ба вуҷуд меояд ва ин боис мегардад, ки саразмиён пароканда шаванд. Ин далел ба охири ҳазораи сеюми пеш аз милод дар минтақа рост меояд. Саразмиён гурӯҳ-гурӯҳ ба ҳар самт кӯч бастаанд. Гурӯҳе ба Самарқанду Бухоро, Марву Нишопуру Ҳирот, гурӯҳе ба болооби дарёи Зарафшону Фалғар, гурӯҳе ба минтақаҳои Кӯлобу Фархору Сари Хосору Ҳисор ва дигар манотиқи Тоҷикистони имрӯза, асосан ба дараҳои кӯҳистон кӯчида, зиндагиро аз нав сар кардаанд. 33 сол пеш аз ин ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, академик Б.А.Литвинский чунин иброз дошта буд: Бо шарофати Саразм ҳудуди Панҷакент ва тамоми Тоҷикистон ба ҳайати маданияти қадимтарини инсонӣ дохил мешавад ва ҳамаи ин ба наздики ба китобҳои дарсии таърих дохил мешавад ва онҳоро аз сари нав навиштан лозим меояд.

Бобоҷони НУРЗОД,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш