Нашрияи Омӯзгор

Маро ту зинда медорӣ, дубайтӣ!

Сана: 2020-06-18        Дида шуд: 162        Шарҳ: 0

 

Мулоҳизаҳо дар атрофи китоби Анварбеки Абӯнаср.

«Дафтари ишқ». (Хуҷанд, «Ношир», 2019, - 524 саҳифа)

Чу нобино шудам бо амри тақдир,

Набитвонам намудан шеър таҳрир.

Аё хонандаи нозуксанҷам,

Ҳамин нукта, ки гуфтам, дар назар гир.

Китоби нави шоири нуктасанҷ Анварбеки Абӯнаср, ки фарогири 3612 дубайтисту аз дубайтии  мазкур оғоз ёфтааст, дар ҳолате суруда ва ба чоп омода шудааст, ки шоир аз ранҷи бемории қанд биноии чашмашро пурра аз даст додааст. Ӯ шеър мегӯяду фарзандону наберагон рӯйи коғаз меоранд. Ӯ дубора шеъри гуфтаашро таҳрир карда наметавонад. Китоби тозанашри худро ба даст гирифта, ламс намуду халос. Афсӯс, тарҳи зебои ин китобро дида наметавонад.

Китоби шоир бо маблағгузории маъмурони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ба истиқболи 5500—солагии куҳаншаҳри Саразм ба нашр расидааст.

Дубайтиҳои шоир фарогири кулли масъалаҳои зиндагианд. Ӯ дубайтии дуюми китоби хешро ба зодгоҳаш— деҳаи Варзиканда бахшидааст:

Манам фарзанди ту, эй Варзиканда,

Ба ҷон пайванди ту, эй Варзиканда.

Хаёлам мепарад доим ба сӯят,

Манам дилбанди ту, эй Варзиканда.

Умри Анварбек сарфи роҳи омӯзгорӣ шудааст ва аз ин вазифа бо собиқаи кории 50-сола  ба нафақа рафтааст.

Анварбеки Абӯнаср 15 -уми январи соли 1947 дар деҳаи Варзикандаи шаҳри Панҷакент таваллуд ёфтааст.

Соли 1969 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд (ҳозира     ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров)-ро хатм карда, то охир аз ин пеша нон хӯрдааст.

Дар баробари ин, чандин сол  роҳбари маҳфили адабии «Бунафша» буд ва ҳамзамон дар Донишгоҳи озоди Тоҷикистон (Панҷакент) ба донишҷӯён сабақ медод, сармуҳаррири  нашрияи «Махзани илм»-и ин маърифатгоҳ буд.

Ашъори гуногунжанри ӯ тавассути маҷ-мӯаҳои дастҷамъӣ ва зиёда аз чил  маҷмӯаи алоҳидаи худаш дастраси хонандагон гардидааст.

Эҷодиёти шоир серпаҳлуст. Ӯ ҳам барои калонсолон эҷод мекунаду ҳам барои кӯдакон.

Сазовор шуданаш ба ордени «Шараф» (дараҷаи якум) аз қадр шудани хизматҳои ӯ дар назди халқу Ватан аст.

«Дафтари ишқ» ном гирифтани ин китоби гаронарзиш аз тарафи шоир низ рамзист. Дар дубайтиҳои китоб шоир борикбинона муҳаббати беандозаи қалби хешро, пеш аз ҳама ба Ҳазрати Инсон, модар, ёдгориҳои таърихӣ, шахсони олимақом, пайроҳа, шоҳроҳ, чашма, дарё, кӯҳ, боғ ва ғайра устодона баён намудааст. Ӯ мегӯяд:

Бароям бахт меорӣ, дубайтӣ,

Маро ту зинда медорӣ, дубайтӣ.

Туро таҳсин бигӯям, хомаи ман,

Гуҳаросо ҳамеборӣ, дубайтӣ.

Анварбек мехоҳад, ки Ватани азизи мо, Тоҷикистон, бо фарзандони хеш бо сулҳу ваҳдати ҷовидонӣ қадам ниҳад  ва ашхоси бадсиришту мансабҷӯ ҳеҷ дар он ҷой надошта бошанд.

Ба беморон шифо хоҳам ҳамеша,

Ба дилдорон вафо хоҳам ҳамеша.

Диламро мерабояд ҳусни гулзор,

Ба гулзорон бақо хоҳам ҳамеша.

ххх

Диёри ман диёри Сулҳу Ваҳдат,

Шукуфон аз баҳори Сулҳу Ваҳдат.

Ба ҳар сӯ бингарӣ, сарсабзу хуррам,

Намоям ифтихори Сулҳу Ваҳдат.

Каломи Аварбек сода зебо ва ба дилҳои мардум наздик аст. Ӯ дубайтиҳои худро хеле шоирона ва ошиқона сурудааст. Ӯ ошиқ аст. Ошиқи зиндагӣ ва ошиқи забони ноби тоҷикӣ. Ӯ хоҳони шеъри нотакрор аст.  Чунонки мегӯяд:

Бигӯям шеър нотакрор бошад,

Чу оби чашмаю анҳор бошад.

Барои баркашидан ҳарфу маъно

Тарозуи хирад даркор бошад.

 Шоир ҳар санг ва ҳар хасу хори Ватанро дӯст медорад. Ӯ дар васфи Саразм низ дубайтиҳои зиёде сурудааст ва дар яке аз онҳо мегӯяд:

Раҳи пурпечи мо роҳи Саразм аст,

Дили пуроҳи мо оҳи Саразм аст.

Саразм ин аввалин гаҳвораи мо,

Раҳи пурнури мо роҳи Саразм аст.

Яке аз мавзӯъҳое, ки ҳар эҷодкорро бештар ба худ мекашад, инъикоси симои модари меҳрубон аст. Дар садҳо дубайтии худ шоир аз модар, аз панҷаҳои пур аз ҳунари ӯ, меҳрубониҳои нотакрораш ёд мекунад ва мадеҳаи модарро бо каломи рангинаш комилтар мегардонад.

Набуд покизатар аз модари ман,

Азизу муътабар аз модари ман.

Ду дасту панҷааш кони ҳунар буд,

Набудӣ боҳунар аз модари ман.

Қисмати аршади дубайтиҳои шоир ба бузургон ва суханварони бузурги миллат бахшида шудааст ва ин дубайтӣ оғози ин силсила аст:

Бузургонро ҳамеша дӯст дорам,

Бузургонро ҳамеша ёд орам.

Сари хоки қадамҷои бузургон

Ба сад эъҷози дил по мегузорам.

Муҳтавои сурудаҳои ӯро мавзӯи ҷовидонаи адабиёт - ишқ ташкил медиҳад ва шоир бо муҳаббат мегӯяд:

Сухан гӯям ман аз шӯру шари ишқ,

Ки бикшояд ба ошиқ вай дари ишқ.

Нависам шеърҳои ошиқона,

Китобамро биномам «Дафтари ишқ».

Забони нигоштаҳои ӯ басо содаву дилрас аст ва ба забони зиндаи халқ пайванди ногусастанӣ дорад. Ӯ эҳтироми забони тоҷикиро муҳим медонад ва онро беҳтарин дороии худ меҳисобад.

На ёди лаълу гавҳар мекунам ман,

На ёди тоҷу зевар мекунам ман.

Забони модарӣ-ганҷинаи ман,

Хаёли лафзи модар мекунам ман.

Хуллас, Анварбеки Абӯнаср собит бинмуда,  ки дар эҷоди дубайтӣ дасти тавоное дорад ва китоби бузургҳаҷми ӯ «Дафтари ишқ» сазовори мукофоти шоиста аст. Эҳтирому арҷгузории ин шоири бемор беҳтарин воситаи дастгириву рӯҳбаландсозии ӯст.

 

Исмоил ЗАРИФӢ,

омӯзгори мактаби №25-и  шаҳри Панҷакент, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш