Нашрияи Омӯзгор

Фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сана: 2020-06-11        Дида шуд: 197        Шарҳ: 0

 

аз 04 июни соли 2020,

№1746, шаҳри Душанбе

Дар бораи амалӣ намудани протоколи ҷаласаи ғайринавбатии ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2020, №2 к/51-25.

Бо мақсади амалӣ намудани протоколи ҷаласаи ғайринавбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2020, №2 к / 51-25, мутобиқи моддаи 107 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», моддаи 57, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», банди 49-и Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.06.2016, №237) ва банди 11-и Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2014, №145)

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

1. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2020, №2 к / 51-25   ба роҳбарӣ гирифта шавад.

2. Аттестатсияи хатми хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ бе иштироки хонандагон баргузор карда шавад.

3.Баҳои аттестатсияи хатм дар асоси баҳои солона аз ҷониби комиссияи аттестатсионии тасдиқгардида гузошта шуда,  раванди ҷамъбаст ва ҳуҷҷатгузории он то 15.06.2020 ба анҷом расонида шавад.

4. Аттестатсияи хатм дар синфҳои 9 (10) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва ғоибона) аз  фанҳои «Адабиёт» (эссе), “Алгебра” (хаттӣ), “Таърихи халқи тоҷик” (шифоҳӣ), “Физика” (шифоҳӣ) гузаронида шавад.

5. Аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12) (рӯзона ва ғоибона)  муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои зерин гузаронида шавад:

5.1. Барои равияи умумӣ - “Алгебра” (хаттӣ), “Забони хориҷӣ” (шифоҳӣ), “Адабиёт” (эссе), “Химия” (тест), “Таърихи халқи тоҷик” (тест),  “Забони русӣ” (шифоҳӣ) дар синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, “Забони давлатӣ” (шифоҳӣ) дар синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ;

5.2. Барои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва зерравияҳои он -“Алгебра” (хаттӣ), “Таърихи халқи тоҷик” (тест), “Адабиёт” (эссе), “Ҳуқуқи инсон” (тест), “Забони русӣ” (шифоҳӣ) дар синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, “Забони давлатӣ” (шифоҳӣ) дар синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ, “Забони хориҷӣ” (шифоҳӣ);

5.3. Барои равияи табиӣ-математикӣ ва зерравияҳои он - “Алгебра” (хаттӣ),  “Технологияи иттилоотӣ” (шифоҳӣ), “Адабиёт” (эссе), “Химия” (тест), “Физика” (шифоҳӣ), “Геометрия” (шифоҳӣ);

5.4. Барои равияи технологӣ ва зерравияҳои он - “Алгебра” (хаттӣ),  “Технологияи иттилоотӣ” (шифоҳӣ), “Адабиёт” (эссе), “Химия” (тест), “Физика” (шифоҳӣ), “Биология” (шифоҳӣ);

5.5. Барои синфи 12 (таҳсили ғоибона) -“Химия” (тест), “Адабиёт” (эссе), “Забони хориҷӣ” (шифоҳӣ), “Алгебра” (хаттӣ), “Забони русӣ” (шифоҳӣ), “Таърихи халқи тоҷик” (тест).

6. Бо мақсади таъмини шаффофияти ҷамъбасти аттестатсия дар назди вазорат, раёсати маорифи  вилоятҳо, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ комиссияҳои апеллятсионӣ таъсис дода шавад.

7. Аттестати аъло дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тибқи «Тартиби додани аттестати аълои таҳсилоти умумии асосӣ ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» дода шавад.

8. Озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра тибқи «Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пас аз ҷамъбасти аттестатсияи хатм  тибқи муқаррарот баргузор карда шавад.

9. Муассисаҳои таълимии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ натиҷаи аттестатсияи довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқраро барои ташхис бевосита ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” пешниҳод намоянд.

10. Сардорони раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор карда шаванд, ки ҳуҷҷатҳои довталабони аттестати аълои унверсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқраро тибқи талаботи муқаррарнамудаи Низомномаи аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии махсус (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2014, №215) ва Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.06.2019, 7/20) ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” пешниҳод намоянд.

11. Натиҷаи аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ барои довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра барои ташхис ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” тавассути раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то 25 июни соли 2020 пешниҳод карда шавад.

12. Музди меҳнати аъзои комиссияи аттестатсионии хатм, роҳбарони синфҳои 9 ва 11, омӯзгорони масъул барои пур намудани аттестат ва дигар ҳуҷҷатҳои хатм, инчунин, китобдорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо назардошти иловапулиҳо тибқи муқаррарот пардохт карда шавад.

13. Сардорони раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор карда шаванд:

13. 1. Аз натиҷаи ҷамъбасти солона, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар соли таҳсили 2019-2020 то 1 июли соли 2020 ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

13. 2. Иҷрои фармоиши мазкурро таъмин намоянд.

14. Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ (Қ. Муҳиддинзода) вазифадор карда шавад, ки фармоиши мазкурро дастраси раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, литсей-интернат ва мактабҳои Президентӣ, литсей барои хонандагони болаёқат, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои таълимии махсус гардонад.

15. Сармуҳаррири нашрияи “Омӯз-гор” (Н. Нурализода) вазифадор карда шавад, ки фармоиши мазкурро дар нашрия ба табъ расонад.

16. Бандҳои 7-15.2, 17 фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.05.2020, №1647 “Дар бораи амалӣ намудани протоколҳои ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз эътибор соқит дониста шаванд.

16. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Л. Назирӣ ва Н. Собирзода гузошта шавад.

Асос: протоколи ҷаласаи ғайринавбатии ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2020, №2 к / 51-25 ва раводиди ман.

Вазир                           М. Имомзода


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш