Нашрияи Омӯзгор

Эҳсосро метавон идора кард

Сана: 2020-06-11        Дида шуд: 94        Шарҳ: 0

 

Таълими биология дар синфи 9 бо усули муқоиса бо рӯйдодҳои замони муосир хеле ҷолиб буда, ба такомулу рушди зеҳнии хонандагон мусоидат мекунад.

Хусусан, дар марҳилаи кунунӣ, ки кишварҳои оламро бемории вазнини коронавирус фаро гирифтааст, омӯзиши мавзӯъҳои «Аъзои ҳис», «Фаъолияти олии асаб» ва «Нигаҳдории саломатии одам» дар робита бо вижагиҳои физиологии сар задани ин бемории ҳамагир судманд мебошад. Ҳангоми таълими мавзӯи «Эҳсосот», ки маҳз ба хусусиятҳои идроку иродаи инсон, тафаккур ва ҳолати рӯҳию равонии шахс бахшида шудааст, тамоюлҳои гуногуни ҳиссиёту ҳаяҷон ва изтироби инсонҳо моҳияти бузург касб мекунад. Инсон мавҷуди биологӣ буда, бо муҳити атроф, ашё ва табиат дар алоқаю ҳамбастагӣ қарор дорад. Эҳсоси гуногуни одамонро аз ҳаракату рафтор, муносибат ба атрофиён, нутқ, имову ишора, оҳанги баёни фикр зуд фаҳмидаву дарк кардан мумкин аст.

Реаксия ё таъсири мутақобилаи воқеаҳои олами атроф ва инсонҳо тавассути эҳсос аён мегарданд, ки яке аз ин ҳолатҳои рӯҳию равонии одамон тарсу ҳарос ва воҳима мебошад. Тарсу ҳарос дар системаи марказии асаб тавлид гардида, ба василаи рагҳои асаб ба тамоми организм паҳн мешавад. Ҳангоме ки инсон ангезиши тарсу ҳаросро дар организми худ ҳис мекунад, эҳсоси вай ба таҳрик меояд. Инсон, чунонки метавонад дар раванди зиндагӣ ба ихтиёри эҳсосот дода нашавад. Мутаассифона, бархе аз одамон, ки сустирода мебошанд, аз таъсири омилу рухдодҳои муҳити атроф зуд таслими тарсу ҳарос ва воҳима мегарданд. Ба тасдиқи муҳаққиқони илми физиология, барои ташаккули эҳсосот қисмати чакка ва пешонии қишри майнаи нимкураҳои калони мағзи сар аҳамияти калон доранд. Одам бо иродаи мустаҳкам ва рӯҳи тавоно метавонад ҳама гуна эҳсосоти афсурдагӣ, тарсу воҳима ва ниҳоят, навмедию рӯҳафтодагиро барҳам занад. Ба амал омадану доман паҳн кардани бемории даҳшатангези коронавирус (Сovid-19) иддае аз инсонҳоро бо табиати хатарзои худ, ки боиси марги ҳазорон одам гардидааст, ба тарсу воҳима мувоҷеҳ намуд. Дар аксар одамон, маълум гардид, ки эҳсос бар ақлу идроки онҳо дастболо шуда, раванди фаъолияти организмашонро мутеи худ сохтааст. Эҳсосот шабеҳи «бемориест», ки агар аз ҷониби шахс идора карда нашавад, паёмадҳои ногуворро дар ҳаёти ӯ ба вуҷуд оварда метавонад. Инсон ба эҳсосот дода шуда, дар тафаккури худ муҳитеро ба вуҷуд оварда метавонад, ки таҳлукаангезу ташвишовар ва тарсу ҳаросзо мебошад. Вай, агар аз ин фазою муҳити хатарнок худро берун кашида натавонад, дар панҷаи ваҳму ҳарос монда, на танҳо ҳаёти худ, балки зиндагии дигаронро дар хатар мегузорад. Аз ин лиҳоз, имрӯз аз ҳаррӯза дида, мо бояд оқилонаю дурандешона рафтор намуда, ҳеҷ гуна эҳсоси тарсу воҳимаро ба дил роҳ надиҳем, саломатии худро нигоҳ дорем ва неруи тавоноямонро ба нафъи Ватану миллат сарф намоем.

Шарофат ШАРИФОВА,

омӯзгори  коллеҷи  омӯзгории 

шаҳри Ҳисор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш