Нашрияи Омӯзгор

Бинои нави муассисаи таълимӣ

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 723        Шарҳ: 0

 

Ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои ВМКБ дар иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонию ободонӣ бо маром идома дорад.

Ба иттилои муовини аввали раиси ноҳияи Рӯшон Гулдаст Дӯстализода, дар ноҳия тибқи нақша бояд 142 иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Яке аз калонтарин иншооти ҷашнӣ  сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маркази ноҳия барои 640 хонанда дар як баст мебошад.

Сохтмони бинои мазкур дар соли 2018 оғоз шуда, то ин вақт 60 фисади корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот ба анҷом расонида шудааст.

Ҷ. Қозибеков,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш