Нашрияи Омӯзгор

Шароит  беҳтар мешавад

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 104        Шарҳ: 0

 

Муассисаи томактабии №3-и ноҳияи Панҷ соли 1975 ба фаъолият пардохтааст. Айни замон ин ҷо дар 8 гурӯҳ 175 кӯдаки аз 3 то 7-сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.

Мудири муассиса Гулбаҳор Намозова иттилоъ дод, ки чанде пеш аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ як бинои илова сохта шуд. Ин имкон дод, ки як гурӯҳи нав бо фарогирии 15 кӯдак таъсис дода шавад. Инчунин, дар Ҷамоати деҳоти “Намуна” низ як филиали муассиса фаъолият мекунад, ки дар арафаи ҷашни Наврӯз бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Дар ҳамаи гурӯҳҳо гӯшаҳои китоб, ҳунарҳои мардумӣ, табиат, афсона ва ҳисоб ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 9 мураббияи ихтисосманду соҳибтаҷриба бо кӯдакон машғулиятҳои шавқовар мегузаронанд.

- Дар гурӯҳи омодагӣ ба мактаб 22 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Ният дорем, ки бо дастгирии падару модарон соли таҳсили оянда боз як гурӯҳи омодагӣ ба мактаб ташкил намоем, - иброз дошт Гулбаҳор Намозова.

Аъзам БОБОЕВ,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш