Нашрияи Омӯзгор

Боз дар бораи об

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 80        Шарҳ: 0

 

Пиряхҳои Тоҷикистон масоҳати 8024 км-ро фаро гирифтаанд. Миқдори онҳо аз 7 то 9 ҳазор ҳисобида мешавад, 50% оби ошомиданӣ аз онҳо ҳосил мешавад, 6 ҳазор пиряхи Тоҷикистон дар кӯҳҳои Помир ҷой гирифтаанд, ки масоҳати 7493 км2 ро  ташкил медиҳад.

***

Захираҳои солонаи оби пиряхҳо 18,17 км3 мебошад. Пиряхҳо 8,5 ҳазор км2 ё худ 6,8%-и масоҳати ҷумҳуриро ташкил додаанд.

***

60%-и пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгиранд.

***

Кӯлҳо 5%-и масоҳати ҷумҳуриро ташкил дода, ҳаҷмашон ба 46,5 км3 баробар аст ва аз ин миқдор 19,3 км3 он оби тозаи нушокӣ мебошад.

***

Дар ҳудуди кишвар 947 дарёи дарозиаш беш аз 10 км то 3000 км ҷойгир аст. Тӯли умумии ин дарёҳо беш аз 30.000 км буда, ҳаҷми захираи обиашон 83 млрд м3 об мебошад.

Таҳияи Ҳасан Нодиров,

омӯзгори мактаби №10,

ноҳияи  Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш